Ҳам илму дониш, ҳам касб ва ҳам ҳунар омӯхта, ба зиндагии мустақилона омода гардем

Бинанда: 1899 | Санаи нашр: 10 Май 2018

Тибқи нақша - чорабиниҳои садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи донишгоҳ санаи 07.05.2018 дар саҳни факултети зикргардида намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни факултет анвои гуногуни таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, оши бурида, оши туппа, шакароб, қурутоб, инчунин оши афғониро омода намуда, барои баҳогузорӣ манзури аъзоёни раёсату устодони донишгоҳ ва меҳмонон гардониданд.

Бахусус, таомҳои омодакардаи донишҷӯён, аз ҷумла оши хатлонӣ (кадбону донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250103т Марям Ҳасанова), оши хуҷандӣ (кадбону донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250103р Сарвиноз Юнусова), оши ҳисорӣ (кадбону донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 240103 Хосият Фозилова), оши бурида (кадбону донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 240101 Холова Ҷаҳоноро), оши афғонӣ (кадбону донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250103а, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Фариштаи Муҳаммад), ки бо ҳунару маҳорати баланди кадбонугӣ тайёр карда шуда буданд, баҳои баландро соҳиб гардиданд.

Намоиши таомҳои миллӣ нишон дод, ки донишҷӯдухтарон натанҳо ба илмомӯзӣ, балки дар бобати омода кардани таомҳои гуногун низ завқу шавқ ва ҳунару истеъдоди баланд доранд.

 


Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top