Муқовимат ба коррупсия ва терроризм

Бинанда: 2060 | Санаи нашр: 07 Май 2018

Аз 16-ум то 20-уми апрели соли 2018 дар заминаи Маркази таълимӣ-методии байналмилалии мониторинги молиявии Федератсияи Россия курси таълимии такмили ихтисос барои ҳайати омӯзгории донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни Донишкадаи шабакавии байналмилалӣ дар соҳаи МДҶ/МТ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони бахши ҷустуҷӯи молиявии Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молиявӣ – иқтисодии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Вазифаҳои асосии курси таълимӣ дар омодасозии ҳайати омӯзгорону профессорони макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи МДҶ/МТ, технологияҳои муосир, шакл ва усулҳои омӯзиш иборат мебошад.

Дар анҷоми курси таълимӣ ба иштирокчиён шаҳодатнома оид ба гузаштани курси омӯзишӣ аз рӯи барномаи «Такмили тахассусии кадрҳо дар соҳаи муқовимат, ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» супорида шуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top