Перомуни низоми бонкии кишвар

Бинанда: 1832 | Санаи нашр: 07 Май 2018

30-юми апрели соли 2018 дар толори диссертатсионии донишгоҳ мулоқоти ректор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар бахши муқаддамотӣ профессор Фақеров Ҳ.Н. аз ташрифи меҳмонони гиромӣ изҳори сипосу хушнудӣ кард ва риштаи суханро ба корманди масъули Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ. вогузор намуд. Мавсуф бо муаррифии мавзӯи муҳиму мубрами “Низоми бонкӣ: вазъи воқеӣ ва дурнамо” суханронӣ намуд ва зимни таҳлилу баррасии мавзӯи мазкур перомуни сиёсати пулию қарзии  Бонки милии кишвар, сатҳи тавваруму  меъёри бозтамвил, қурби асъори миллӣ, татбиқи сиёсати монетарӣ ва нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ изҳори андеша кард.

Дар бахши дуюму сеюми муаррифӣ оид ба вазъи кунуни низоми бонкӣ, сохтори он, ҳаҷми хазинаи қарзӣ, нигоҳдорӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, низом ва инфрасохтори пардохт ва дигар масоили муҳим доир гардид.

Ҳангоми муаррифӣ дар ҳамоиш вобаста ба масоили матраҳшуда аз сӯи омӯзгорону донишҷӯён ба муовини якууми Бонки миллӣ Нуралиев Ҷ. ва роҳбарони сохторҳои калидии ниҳоди мазкур пурсишҳои афзуну гуногун ироа гардид ва ба ин пурсишҳо аз сӯи масъулин посухҳои дурусту амиқ дода шуд.

Дар бахши хотимавии ҳамоиш муовини якуми раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин дар бораи ислоҳоти низоми бонкӣ, иртифои маърифати молиявии шаҳрвандон, дастрасии мардум ба хизматрасонии молиявӣ, устуворсозии сиёсати пешгирии тавакалот дар созмонҳои вомдеҳ, рушди ҳирфавӣ ва таъмини шаффофият дар ироаи маълумот ва ҳисоботҳо сухан кард ва ба донишҷӯён таъкид намуд, ки шароити мусоиди имрӯзаро дар андӯхтани донишу корозмоӣ босамар истифода баранд ва дар оянда ҳамчун мутахассиси сатҳи баланд дар рушду такмили иқтисодиёти миллии кишвар ва низоми бонкии он саҳми муҳим гузоранд.

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top