Озмуни «Кадбонуи беҳтарин»

Бинанда: 1972 | Санаи нашр: 04 Май 2018

Бо ибтикори шуъбаи тарбия ва корҳои ташкилӣ, бахши бонувон ва донишҷӯдухтарони ДДТТ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонӣ, санҷидани маҳорати ҳозирҷавобию суханороии донишҷӯдухтарони ҳунарманду соҳибзавқ санаи 25-уми апрели соли 2018 дар донишгоҳ озмуни маърифатӣ-фарҳангии “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуд.

Дар озмун тибқи низомнома ду нафарӣ аз ҳар як факултет иштирок намуда, шартҳои озмунро, ки 5 ададро ташкил медод, иҷро намуданд.

Ҳакамони озмун: Давлатзода Зулфия, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси озмун), Абдуллоева Сафармоҳ, сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷова Садафмоҳ, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, Шарифова Мавлуда, мутахассиси маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе, Ниёзбекова Гулиҷаҳон, директори литсейи ДДТТ ба ҳунару истеъдод ва ҳозирҷавобии иштирокчиёни озмун – Шаҳло Тӯраева, Мадина Дилоева (аз факултети МИБ ва ҳуқуқ), Моҳлиқоб Гадоева, Фарзона Авғонова (аз факултети тиҷорат ва гумрук), Парвина Иброҳимова, Гулбарг Боқиева (аз факултети иқтисодиёт ва менеҷмент), Сайёҳат Самадова, Манижа Ҳабибова (аз факултети молия ва фаъолияти бонкӣ) баҳои сазовор дода, ғолибонро ба таври зайл муайян карданд: ҷойи 1-ум Шаҳло Тӯраева, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 250103, ҷойи 2-юм Парвина Иброҳимова, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 25010801, ҷойи 3-юм Гадоева Моҳлиқоб, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 960101 ва Сайёҳат Самадова, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25010407.

Ғолибони озмун аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.


шуъюаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top