Ҳафтаи забони бузург ва тавонои русӣ

Бинанда: 2245 | Санаи нашр: 04 Май 2018

Аз 16-уми апрел то 20-уми апрели соли 2018 дар донишгоҳ Ҳафтаи забони русӣ дар доираи барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал : “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

16-уми апрели соли 2018 Ҳафтаи забони русӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бо ташаббусу суханронии омӯзгорони забони русӣ ва сарпарастони гурӯҳҳо Абдулазизова З. ва Имаева М. дар мавзӯъҳои “Аҳамияти забон”, “Тоҷикистон ва Россия дар замони муосир” ва иштироки фаъолонаи донишҷӯёни курси 1-ум, хонандагони литсейи назди донишгоҳ  оғоз гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби омӯзгорони мазкур барои муайян кардани сатҳу сифати забондонии донишҷӯён викторина гузаронида шуд.

17-уми апрели соли равон дар давоми рӯз аз ҷониби омӯзгорони забони русии кафедраи забонҳо озмун барои реферат, дафтар ва ороишу сурати беҳтарин дар байни донишҷӯёни факултети мазкур доир гардид.

Муаллими калон Иброҳимов М.А. дар ин рӯз барои донишҷӯёни курси 1-ум дар мавзӯи “Бахши шигифтангези нутқ-феъл” дарси шавқовар гузашт.

18-уми апрел дар донишгоҳ омӯзгорони забони русӣ зимни тадриси фанни мазкур ба донишҷӯён навиштани эссе – иншоро доир ба мавзӯъҳои гуногун супориш доданд ва ин кори эҷодӣ аз ҷониби муҳассилин ба таври хуб иҷро расид.

Омӯзгори фанни забони русӣ Ахмедова Ш.М. дар гурӯҳи 25010718-и курси 1-ум оид ба мавзӯи “Лексикаи забони русӣ” машғулият гузаронд.

19-уми апрел дар синфхонаи шумораи 103-юм  озмуни хониши ифоданок дар байни донишҷӯёни курси 1-ум баргузор гардид.

Муаллими калон Ғоибова Наргис дар гурӯҳи 250107 А – и курси 1-ум бозии шавқовари маърифатии “Сайёҳат ба кишвари фразеология (вожаю ибораҳои рехтаи халқӣ)” – ро ҷолибу хотирмон доир кард.

20-уми апрели соли 2018 дар толори диссертатсионии донишгоҳ маросими пӯшидашавии Ҳафтаи забони русӣ бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндагони Маркази илмию фарҳангии Россотрудничество доир гардид.

Дар муқаддимаи ҳамоиш донишҷӯи курси 1-ум, гурӯҳи 25010403 – Раҷабов Қурбоналӣ мавзӯи “Забони бузургу тавонои русӣ” – ро муаррифӣ кард.

Шарипова Сабрина, донишҷӯи курси 1-ум, гурӯҳи 230101 дар мавзӯи “Фразеологияҳои тоҷикӣ” суханронӣ намуд.

Донишҷӯёни курси 1-ум, ихтисоси 250108 – Ҳакимов Алиҷон ва Ҳаётов Юсуфҷон оид ба мавзӯъҳои “Об – сарчашмаи ҳаёт” ва “Варзиш дар Тоҷикистон” изҳори андеша карданд.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯён хониши ифоданок аз назму насри русӣ ба аҳли нишаст ироа гардид ва хонандагони ҳушманду фаъоли литсейи назди донишоҳ бо сароидани ашӯлаю сурудҳо ва рақсу бозиҳои русӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби масъулин натиҷаҳои Ҳафтаи забони русӣ таҳлилу баррасӣ гардид ва донишҷӯёни фаъолу боташаббус қадршиносӣ шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш намояндагони Макази илмию фарҳангии Федератсияи Россия  - Россотрудничество ба ташаббускорону масъулони Ҳафтаи забони русӣ ва чорабинии имрӯза барои сомон додани чунин корҳои судманду созанда изҳори сипос намуданд.

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top