Масъалаи об дар замони равандҳои глобалӣ

Бинанда: 2603 | Санаи нашр: 20 Апрел 2018

... Мо бояд саъю талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об, ҷоннок намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об, бахусус, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби аксарияти кишварҳои олам дастгирӣ ёфт, дар амал татбиқ ёфта истодаанд.

Мизи мудаввари илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Об ҳамчун омили пешрафти иқтисодиёт дар раванди ҷаҳонишавӣ”, ки 18-уми апрели соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизов Азизхӯҷа, ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Аброров ва устодон, магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид, маҳз ба ҳамин масъалаи ҳаётан муҳим бахшида шуда буд.

Мизи мудавварро ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва дар хусуси ҷаҳду талош ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи оби ошомиданӣ, фарҳанги истифодаи об ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, бахусус, ҷӯйю каналҳо суханронӣ карда, истифодаи самараноки об ва ифлос нагардонидани онро вазифаи шаҳрвандии ҳар як инсони ғамхори давалту миллат ва ватандӯст маънидод намуд.

Дар суханронии Раҳмонзода Зоир – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе ва Азизов Азизхӯҷа – раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ низ масъалаҳои ҳалталаби об, мушкилот ва роҳҳои истифодаи самараноки он, инчунин, тағйирёбии иқлим, бахусус, обшавии пиряхҳо баён гардиданд.

Маърӯзаҳои пурмазмуни Ҳ. Аброров – ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, А. Қодиров – н.и.т., котиби масъули маҷаллаи “Паёми ДДТ”, М. Раҳимов, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250110, А. Авғонов, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25010801, ки масъалаҳои асосии минтақаи ташаккули об, пешгирии обшавии пиряхҳо, масъалаҳои асосии идоракунии захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ, аҳамияти иқтисодии об, истифодаи об дар соҳаи кишоварзиро дар бар мегирифтанд, аҳамияти мизи мудавварро дучанд гардониданд.


Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top