Шаҳри меҳрам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе

Бинанда: 2219 | Санаи нашр: 09 Апрел 2018

Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат буда, дар ташаккулу такомули ҷаҳони маънавии ҷомеа ва тақвияти андешаву рӯҳияи миллӣ нақши муассир ва ҳатто муайянкунанда мебозад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хушу рангин гузаштани зиндагии мардум ва истироҳату фароғати онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Аз ҷумла, дар асоси дастури Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2018 дар боғҳои истироҳативу фарҳангии шаҳри Душанбе доир намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудааст, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз дидану шунидани рақсу суруд ва таронаҳои рангин ғизои маънавӣ гирифта, табъашон болида мегардад.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатии дар сатҳи баланд омодакардаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” – и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки санаи 7-уми апрели соли равон дар майдони 800 – солагии Москва пешкаши сокинону меҳмонони Душанбешаҳр гардонида шуд, аз ҳамин қабил чорабиниҳо буда, ба дилҳои пиру ҷавон шодиву сурур бахшид.

Чорабиниро ровиёни хушбаёни донишгоҳ Шаҳло Тӯраева ва Сатторалӣ Гадоев оғоз намуда, аз заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда, суханро ба меҳмони чорабинӣ, овозхони маҳбуби кишвар Афзалшоҳи Шодӣ доданд. Афзалшоҳи Шодӣ ҳозиринро бо Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона шодбош гуфта, зиндагии тинҷу осоишта, рӯзгори босаодат ва хушиву хурсандии мардумро натиҷаи сулҳу суботи кишвар, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард ва таъби ҳозиринро бо якчанд шеъру суруди дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва ҷавонӣ бахшидашуда шод намуд. Сурудҳои ба васфи Ватан ва ҷавонӣ сароидашудаи меҳмони дигари чорабинӣ, овозхони шинохта Файзигул Юсуфова низ қалбҳои ҳозиринро лабрези фараҳ гардонид.

Сипас, аъзои дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” ва хонандагони литсейи донишгоҳ бо барномаи хуби консертӣ, ки аз суруд ва таронаҳои ба васфи Ватан, Баҳор, Наврӯз, ҷавонӣ, ишқ ва рақсҳои гуногуни диққатҷалбкунанда мураттаб гардида буданд, хотири сокинону меҳмонони пойтахтро шод гардониданд.

Хуллас, мазмуну муҳтавои чорабинии доиргардидаро метавон бо ду мисра шеъри дар васфи Душанбе бахшидашуда, ки як ҷузъи таркибии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, маънидод кард:

Шаҳри меҳрам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам Душанбе,
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам Душанбе.

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top