Сухане чанд оид ба тарзи омода кардани суманак

Бинанда: 5606 | Санаи нашр: 18 Март 2018

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имруз бо расму оин,  арзишхои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

Оину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз зиёданд, ки аксари онхо то ба имрӯз роиҷанд ва яке аз онҳо суманак мебошад.

Суманак навъе аз хӯриши наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин буд. Гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонданд. Баъде ки гандум неш мебаровард, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоштанд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонданд. Рӯзе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, касе бегона ба он ҷо надарояд, мегузоштанд. Вақте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеҷ кас онро набинад, зеро ки "пай" меафтад. Ё худ дар вақти пухтан кӯшиш мекарданд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд, зеро пай меғалтид ва суманак дар дег парак-парак садо мебаровард ва аз дег заррахои суманак берун мепарид, ки рафта-рафта маҳсули дег кам мешуд. Одамон дар ин гуна ҳолат мегуфтанд, ки суманак дар дег намеистад, пай ғалтидааст, чашми кадом нопок расидааст.

Ақидаи дигаре ҳам буд, ки ҳар касе аз дӯстон ё ҳамсоягон агар дар вақти пухтан ба назди суманакпазон ояд, бояд то пухтани суманак, яъне то ба саҳар ҳамроҳи онҳо бошад.

Рӯзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ мешуданд. Маъмулан онҳо бегоҳӣ ҷамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзаҳоро мегузоштанд, онҳоро зиёрат мекарданд, сипас ояте аз Қуръони карим тиловат карда, дар хаққи Пири Пухтагар дуо мехонданд ва сабзаҳоро мебуриданд. Дар бегоҳирӯзӣ сабзаҳои порашударо ба дег меандохтанд, то чашми касе бегона набинад, то ки пай наафтад.

Баъд занҳо ба таги дег оташ меафрӯхтанд, бонавбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег ҳафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракатшуданро ифода мекард. Онҳо  дар назди алав нишаста, барои хобашон набурдан афсонагӯӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекарданд.

Субҳ, вакте ки суманак тайёр мешуд, мардумро даъват, мекарданд, рақсу бозӣ мекарданд, духтарон ҳойпарӣ ва бачаҳо  гӯштингирӣ менамуданд.

Занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекарданд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра ба хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.
Гандум ҳамин ки бо оби борон дар муддати 5-6 рӯз сабзида, барои ширагирӣ омода шуд, пиразане сабзаро бо корд бурида, аввал "Бисмиллоҳи раҳмони раҳим" гӯён онро ба ҳован меандозад. Сипас, хонумҳои ҷавонтари қавӣ онро кӯфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан кадбону дегро шинонда, ба он об рехта, се бор "Бисмиллоҳи раҳмони раҳим" гӯён равған меандозад. Дар баъзе деҳаҳо пеш аз шираро ба дег андохтан бо нияти шод гардонидани "арвоҳи пирҳо" чалпак мепухтанд ва нӯгча мегузоштанд. Нӯгчаро дар атрофи дег дар замин насб карда, фурӯзон мекарданд. Инчунин пиру пайғамбарҳоро ёдоварӣ намуда, аз онон кушоиши кор ва мадад  металабиданд. Сипас, шираи сабзаи гандумро бо орд махлут намуда, ба дег меандохтанд ва дегро бо кафлес мекофтанд. Бонувони дигар низ бо навбат дегро мекофтанд. Ҳангоми кофтани дег таронаи "Суманак дар дег, мо кафча занем"-ро месуруданд.

Дар аксари маҳалҳо, дар ағлаб маврид ҳангоми суманакпазӣ мардонро ба назди дег роҳ намедоданд, ки суманак "вайрон" мешавад. Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандохтанд, ки он рақам ҳафт фариштаи ҳафт табақаи осмонро ифода мекард. Шаби суманакпазӣ занҳо намехобиданд. Таомҳои гуногун пухта вақти худро хуш мегузарониданд. Аз аввали шаб то субҳ даф зада, рақсу бозӣ ва таронасароӣ мекарданд. Рисолаи суманакро кадбону мехонд, дигарон бо қироати рисола бо таваҷҷуҳи зиёд гӯш медоданд. Хонуме аз иштирокгарони маросими "Суманакпазӣ" бихобад, занҳои шӯх ба рӯю абрӯвони ӯ сиёҳии дегро молида, ӯро мазоқ мекарданд ва билохир бедораш менамуданд.

Пеш аз дамидани субҳ оташи дегро хомӯш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш мепӯшониданд. Субҳи содиқ ҳамин ки хонумхо ҷамъ омаданд, кадбону "Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, дасти ман не, дасти азизон" - гӯён сарпӯши дегро мебардошт, аввал як табақ барои аҳли масҷид мекашид ва боқимондаи суманакро ба аҳли маросим ва ҳамсоягону кӯҳансолони табаррук тақсим мекард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top