Олам аз талъати наврӯз сафое дорад

Бинанда: 3020 | Санаи нашр: 19 Март 2018

Эй сабза пойандоз шав, Наврӯз мемонад қадам,
Эй ғунчаи гул боз шав, Наврӯз мемонад қадам.
Эй Панҷрӯди бостон, эй бӯи ҷӯйи Мӯлиён,
Аз нав суханпардоз шав, Наврӯз мемонад қадам.
Бо ҳафтсину ҳафтшин, бо нағмаҳои дилнишин,
Эй соли нав, оғоз шав, Наврӯз мемонад қадам.

17-уми март саҳни донишгоҳ - ҷойи баргузории тантанаҳои ҷашни наврӯзӣ идона оро дода шуда буд. Дар чеҳраҳои хурду калон шодию хурсандӣ баръало эҳсос карда мешуд. Шиору навиштаҷот, шеъру суханони пандомез, ки инъикоскунандаи баҳору Наврӯз, дӯстӣ ва оину суннатҳои қадимаи ин ҷашни аҷдодӣ буданд, дилҳоро лабрези фараҳ гардонда, аз зиндагии босаодат, рӯзгори осоиштаи мардум ва сулҳу суботи кишвар, ки пеш аз ҳама натиҷаи ҷаҳду талош ва заҳматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, башорат медоданд.

Варзишгарони донишгоҳ, ки аз Наврӯз то Наврӯз дастовардҳои зиёди назаррасро соҳиб гардидаанд, бо иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ таваҷҷуҳи бинандагонро ҷалб намуда, ба ҷашн шукӯҳи хосса зам мекунанд.

Расо соати 1500 меҳмонон  ва дигар иштирокчиёни ҷашни наврӯзӣ бо садои хуши карнай ва сурнай истиқбол гирифта шуданд.

Дастовардҳои ба маърази тамошо гузоштаи факултетҳои донишгоҳ, литсейи он ва дастархонҳои наврӯзии дар асоси тамоми расму оин ва анъанаҳои миллии ниёгонамон ороста, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» диққати меҳмонону иштирокдорони базмро ба худ ҷалб намуд.

Намоиши либосҳои миллии гулдухтарони донишгоҳ, ки хеле диққатҷалбкунанда буданд, ҷашни Наврӯзро боз ҳам дилработар гардониданд.

Бале, Наврӯз як таъкиде аз гузаштагон аст, то фаромӯш   накунем, ки мо миллати наврӯзӣ ҳастем ва оғозу анҷоми мо наврӯз аст. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, бешубҳа, ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшида, ҳар як фарди поктинату ватандӯстро водор месозад, ки дар шукуфоӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошад.

Як хусусияти хоси Наврӯзи имсола аз наврӯзҳои қаблӣ дар он буд, ки бо дарназардошти аз нав барқарор гардидани муносибаҳои дӯстона ва ба тасвиб расидани шартномаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, суруду таронаҳои ба васфи Наврӯз бахшидашуда бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ садо доданд.

Суруди Аллаи модар, ки аз ҷониби магистри курси 1-уми донишгоҳ Сайёра Нозимова хеле самимӣ иҷро карда шуд, воқеан ҳам диққатҷалбкунанда буд. Бо дарназардошти ин, ректори донишгоҳ Ҳ. Фақеров қайд намуд, ки дар ҳақиқат дар дунё аз аллаи модар дида, суруди рӯҳбахшу ҷонбахш нест.

Баъди азназаргузаронии дастовардҳои донишгоҳ қисми расмии ҷашнвора шурӯъ гардид, ки он бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров оғоз ёфт. Ректори донишгоҳ намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Носирҷон Бӯриев ва кулли иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфта,  бо шукргузорӣ  аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи мамлакат, бахусус ҷаҳду талош ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати  ҷаҳонишавии Наврӯз ва заҳматҳои Пешвои миллат дар боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо ҳарф зада, ҷаҳонишавии Наврӯзро  аз эътироф ва ватани аслии Наврӯз будани кишвари азизамон - Тоҷикистон, боло рафтани обрӯ ва мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

Дар суханронии Носирҷон Бӯриев, ки ҷамъомадагонро аз номи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Саид Нуриддин ва аз номи худ бо фасли зебои табиат - Баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик намуд, таманниёт ва орзуҳои неки наврӯзӣ баён ёфта, ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини сулҳу субот, мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯз ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Тоҷикистони азиз ёдрас гардиданд.

Баъдан ба чанде аз устодону кормандони фаъол ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки бо хониши хубу аъло ба «Даҳгонаи беҳтарин донишҷӯёни донишгоҳ» шомил гардиданд, диплом, ифтихорномаҳою раҳматномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишгоҳ супорида шуданд.

Дар ин рӯз инчунин хатнасури 8 нафар фарзандони кормандони донишгоҳ гузаронида шуда, ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Бояд гуфт, як хусусияти Наврӯз ин аст, ки дилҳоро ба ҳам наздик карда, дӯстию бародариро боз ҳам мустаҳкам мегардонад. Иштироки бевоситаи хатмкардагони донишгоҳ ва литсей дар ин чорабинӣ далели ин гуфтаҳоанд. Аз ҷумла, иштироки хатмкардаи соли 2014-и донишгоҳ Сироҷиддин Каримзода дар ин чорабинӣ ва бо арзи эҳтиром сипосгузорӣ намудани ӯ ба заҳмати устодони донишгоҳ ва бо хондани чанд суруд болида гардонидани табъи иштирокчиёни ҷашнвора мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Барномаи консертии омодакардаи дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам»-и донишгоҳ ва хонандагони литсейи он, ки аз суруду таронаҳои ба васфи Баҳор, Наврӯз, Ватан ва дӯстию бародарии халқҳо бахшидашуда мураттаб гардида буданд, хеле хуш садо дода, то дер дар хотири иштирокчиёни ҷашн боқӣ хоҳад монд.

Дар аксҳо: ҷашни Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон


   

 



шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top