Дарси намунавии дотсент Толибов Қ.Қ.

Бинанда: 2044 | Санаи нашр: 27 Феврал 2018

27-уми феврали соли 2018 дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дарси намунавии муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қобилҷон Қосимович аз фанни асосҳои соҳибкорӣ дар мавзӯи “Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ” доир гардид.

Ҳангоми гузаронидани дарси намунавӣ, ки дар он донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 890101-и факултети иқтисодиёт ва менеҷмент иштирок доштанд, устод Толибов Қ.Қ. бо камоли маърифату нигари илмӣ ва маҳорати баланди касбӣ перомуни мафҳум, намудҳо ва низоми сабти субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод карданд ва мавзӯи мазкурро бо истифодаи босамари технологияҳои муосир мавриди таҳлилу баррасии амиқу густурда қарор доданд.

Донишҷӯён аз ҷониби дотсент Толибов Қ.Қ. ба пурсишҳои худ оид ба мавзӯи матраҳшудаи дарс посухҳои амиқу муфассал гирифтанд.

Дар дарси намунавии устоди арҷманд ва мураббии олимони ҷавон дотсент Толибов Қ.Қ. зиёда аз 15 нафар омӯзгорони ҷавони донишгоҳ барои андӯхтани таҷриба ва шеваи таълиму тадриси эшон ширкат доштанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top