Рушди соҳаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 2188 | Санаи нашр: 27 Феврал 2018

Чунин номгузорӣ шуда буд конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки 24-уми феврали соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо иштироки раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Раҷабова, раиси Шӯрои калонсолони ваҳдати миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Авзалов Ғайбулло Саидович, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмхои иқтисодӣ, профессор Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Қурбонов Қудратулло Бобихолович, муовини ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва устодону магистрони донишгоҳ дар сатҳи баланди илмию паӯҳишгарӣ гузаронида шуд.

Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, аз хусуси муҳимияти мавзӯи ҳамоиши илмӣ, ғамхориҳои ҳамешагии давлату ҳукумати кишвар, бахусус Президенти маҳбубамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим, рушди он ва саҳми назарраси устоди донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдусатор Ҷабборов дар пешрафти соҳаи иҷтимоӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос суханронӣ намуд. Ӯ аз фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва хизматҳои содиқонаи профессор Абдусаттор Ҷабборов дар рушди илми иқтисоди ватанӣ, ба вижа соҳаи иҷтимоиёт ёдовар шуда, иброз дошт, ки профессор А Ҷабборов ҳамчун олими варзида дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, бо рафтору гуфтор, ташаббускорӣ ва амалҳои некаш маҳбуби натанҳо коллективи донишгоҳ, балки берун аз он гардидаст. Бо қалами у даҳҳо китобу монография, мақолаҳои илмӣ навишта шуда рӯи чоп омаданд, ки аз онҳо аҳли илму адаб, муҳаққиқону донишҷӯён ва мутахассисони дигавр соҳаҳо ба таври васеъ истифда мебаранд. Таҳти роҳбарии устод А Ҷабборов даҳҳо нафар ҷавонони илмдӯст рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯёни донишгоҳ, - гуфт Ҳамидуллохон Нуриддинович, - аз он ифтихор мекунанд, ки устод  А. Ҷабборов ҳамчун вакил дар қатори дигар вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар брақарор намудани ҳукумати конститутсионӣ саҳми босазо гузоштанд.

Раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Раҷабова низ зимни суханронӣ аз фаъолияти илмию тадқиқотӣ, ташаббускорӣ ва ҳамчун зиёии пешқадам дар рушди соҳаи иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузоштани профессор А. Ҷабборов ёдовар шуда, аз номи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ифтихорномаи МНМО-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорида, ба ӯ дар рушди илми иқтисоди кишвар ва фаъолияти илмию омӯзгориаш комёбиҳо таманно намуд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Лутфулло Саидмуродов баргузории чунин конференсияро муҳим арзёбӣ карда, қайд намуд, ки дар зарфи 14 сол танҳо се маротиба бахшида ба рушди соҳаи иҷтимоӣ (аз нуқтаи назари илмӣ) таваҷҷуҳ карда шудааст. Аз ин хотир, ба созмондиҳандаи конфронс – Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон арзи сипос намуд, ки чунин мавзӯи муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Профессор А. Саидмуродов аз хусуси рушди соҳаи иҷтимоӣ, ки таваҷҷуҳу ғамхории давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба он сол то сол зиёд шуда истодааст, ҳарф зада, нақши профессор Абдусаттор Ҷабборов – ро ҳамчун баёнгари ин самти илм хеле назаррас баён кард.


Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top