Ватан чун нусхае аз модари мост

Бинанда: 2246 | Санаи нашр: 23 Феврал 2018

Ватан ҳар лаҳза ёру ёвари мост,
Ватан хоҳар, Ватан чун додари мост.
Ба ҳифзаш ҷону дил бояд ато кард,
Ватан чун нусхае аз модари мост.

Маҷлиси тантанавие, ки 22-юми феврали соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ба муносибати 25-солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии ҷумҳурӣ баргузор гардид, аз ду қисм: расмӣ ва фарҳангӣ, иборат буд.


Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. оғоз ёфт. Ҳамидуллохон Нуриддинович нахуст устодону донишҷӯёни донишгоҳро бо рӯзи муҳофизони Ватан самимона табрику муборакбод намуда, аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки воқеан ҳам бо ҷаҳду талошҳои Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят душвору сангин арзи ҳастӣ карда буд, инчунин рушду такомул ва ба як артиши муқтадир табдил ёфтани он, ки афсарону сарбозони шуҷоаш бо сарбаландӣ марзу буми кишварро ҳифз карда истодаанд, суханронӣ кард.

Ректори донишгоҳ аз боби ватандӯстиву ватандорӣ ва садоқат ба он ҳарф зада, аз ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хизмати содиқонаи ҷавонони боору номуси миллат ёдовар шуда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписар донист ва таъкид намуд, ки ҷавонони саодатманди кишвар такя ба илму дониш карда, эстафетаи падарону бобоёни шуҳратмандамонро, ки дар ҳама ҳолат корнамоӣ ва намунаи баланди ватандӯстию ифтихори ватандорӣ нишон додаанд, идома диҳанд.

Ҳамидуллохон Нуриддинович дар робита ба ин, аз рафтору кирдорҳои номатлуби бархе аз ҷавонон, ки аз бесаводӣ, паст будани тафаккур ва беандешагӣ фирефтаи бадхоҳони миллат ва шомили гурӯҳҳои террористию экстермистӣ гардида, бо иштирокашон дар амалиётҳои Сурияю Ироқ ва Афғонистон ҷони худ ва аҳли оилаашонро зери хатар мондаанд, изҳори нигаронӣ карда, ҷавононро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, ба илму дониш ва ҳунаромӯзӣ, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки муҳофизи Ватан будан маънои танҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат карданро надорад, балки ҳар кадоми мо бояд дар ҷои кори худ софдилона меҳнат карда, ташаббускор бошем, ба навоварию ихтироъкорӣ даст занем, ба ҳар гуна амалу кирдорҳои зишту номатлуб роҳ надиҳем, фирефтаи душманону бадхоҳони миллат нашавем, сиёсати давлату ҳукуматро хуб дарк карда, онро ҷонибдорӣ намоем ва ба ин васила дар рушду нумӯи кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузорӣ кунем. Ин аст рисолати ватандорию ватандӯстӣ,- қайд намуд ӯ.

Сипас, доктори илми таърих, устоди кафедраи ҷомеашиносии донишгоҳ Баҳром Қурбонов дар мавзӯи «25 соли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250108 Шаҳноза Табаррукова дар мавзӯи «Артиши миллӣ – ҳомии Ватан» маърӯзаҳои пурмазмун карда, аз хусуси ҷаҳду талош ва хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Артиши миллӣ ва рушди минбаъдаи он, рӯзҳои аввали таъсисёбии артиш, мушкилоти он, ҷасорату матонати афсарону сарбозони Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар, хуллас, сипари боэътимоди ватани маҳбубамон будани артиш изҳори андеша намуданд.

Баъдан аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба як гурӯҳ устодони фаъолу ташаббускор, ки бо фаъолияти  навоварию инноватсионӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ва пешрафти донишгоҳ саҳми назаррас гузоштаанд, инчунин ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои  фарҳангӣ, ки ба муносибаи рӯзи Артиши миллӣ гузаронида шуда буданд, мукофотҳои пулӣ, Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Шеъру таронаҳои ба васфи Ватан, Артиши миллӣ ва ҷавонмардӣ бахшидашуда, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ хуш садо доданд ва рақсҳои зебои дар сатҳи баланд иҷрокардаи гулдухтарони факултети иқтисодиёт ва менеҷмент (масъули чорабинӣ), ки воқеан ҳам ба дилҳо шодию сурур бахшида, то дер боз дар хотирҳо нақш хоҳад баст, шукӯҳи чорабиниро боз ҳам дучанд гардониданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top