Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Бинанда: 2294 | Санаи нашр: 22 Феврал 2018

21-уми феврали соли 2018 дар толори диссертатсионии донишгоҳ конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо ташаббуси муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М., мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ Турди – Аханова И.А. ва ҷонишини мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Гурезов Ҷ.Н. баргузор гардид.

Дар кори ин конференсия намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садрӣ Умар, омӯзгорони кафедраи забонҳо ва донишҷӯёни фаъоли ҳамаи факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М. бо сухани муқаддимавӣ ҷаласаро ифтитоҳ кард ва ҳозиринро ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуд.

Сипас, дотсенти кафедраи забонҳо Насриддиниён Бобишоҳ дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ дар аёну ниҳон» ва дотсенти ҳамин кафедра Сангинова Рақиба дар мавзӯи «Рушди таърихии забони тоҷикӣ» суханронии муфиду пурмуҳтаво карданд.

Дар поёни ин ҳамоиш донишҷӯён бо қироати шеърҳо дар бораи бузургдошти забони модарӣ, ки он ҳамчун муқаддасоти миллӣ нишонаи ҳувияту ҳастии миллат аст, меҳру муҳаббати бепоён ва эҳтироми бузурги худро нисбат ба забони модарӣ баён карданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top