Дарси намунавии дотсент Исматуллоев И.У.

Бинанда: 2183 | Санаи нашр: 22 Феврал 2018

20-уми феврали соли 2018 дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дарси намунавии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Исматуллоев И.У. дар гурӯҳҳои омӯзиш бо забони англисӣ доир гардид.

Дарси мазкур аз фанни иқтисодиёти корхона дар мавзӯи “Воситаҳои асосии корхона” бо иштироки гурӯҳҳои таълимии 250108 ва 250104 дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки дар он аъзои кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, намояндагони Раёсати таълим ва дигар омӯзгорони донишгоҳ, ки ба забони англисӣ таълиму тадрис медиҳанд, ширкат варзиданд.

Устод Исматуллоев И.У. ба ҳайси олими шинохтаи соҳаи иқтисодиёт ин дарси намунавиро бо маҳорату малакаи шоистаи касбӣ, шеваи вежаи тадрис ва мазмуну маънавияти баланд бо истифодаи босамари усулҳои интерактивӣ ва технологияи муосир гузаронид.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top