Ҷалби довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бинанда: 2404 | Санаи нашр: 21 Феврал 2018

Ҳамасола барои ҷиҳати ҷалби довталабон ба донишгоҳ гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби ҳайати профессорону омӯзгорони варзида, ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд.

Соли таҳсили ҷорӣ низ чунин гуруҳҳои ташвиқотӣ таъсис дода шуд, ки аз 14 то 17-уми соли 2018 дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара гуруҳи корӣ бо роҳбарии Маҳсудинова Р.Ғ. – котиби Шӯрои олимон ва Қурбонов Б.Р.- профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ бо мақсади ҷалби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.


Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 ноҳияи Данғара рӯзи 15.02.2018 бо хатмкунадагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 4, 16, 20, 23, 56, 70, Литсейи тамоюли техники Афлотун, Мактаби Президентӣ ва Гимназияи Ҷумҳуриявии ноҳияи Дангара бо иштироки Қурбонализода С. – Шарифзода Н.- мутахассисони пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Дангара, Неъматов С. – корманди телевизони «Хатлон», Шамсов Ҳ. – ҷонишини директор оид ба таълими мактаби мазкур вохурӣ баргузор гардид.


Инчунин рӯзи 16.02.2018 дар мактаби таҳсилоти умумии №4 шаҳри Норак хатмкунадагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2, 3, 5, 8, 9, 10, 11, 15, 17, 21 ва 28 бо иштироки Шарифзода Н.- мутахассиси Маркази технологияи информатсонии шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Дангара, Неъматов С. – корманди телевизони «Хатлон», Содиқов А.А. – директори мактаби мазкур як суҳбати самимию озод баргузор гардид.


Зимни суҳбат ва вохуриҳо аён гашт, ки ҷавонон дар ҷавоб ба ғамғориву дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаанд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, яке аз донишҷӯёни фаъоли мактабҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шаванд ва дар оянда кадрҳои соҳибмаълумот гарданд.

 Мо низ дар рафти суҳбат бо хатмкунандагон вобаста ба эълон гардидани «Соли 2018 – Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки айни замон ихтисосҳои зерин: 890101 – Сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, 26020312-Маркетинги сайёҳӣ, 25010718 – Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои  хоҷагиҳои меҳмонхона ва тарабхона оид ба шароити имрӯзаи донишгоҳ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ки имрӯз дар ҷомеа заруранд, маълумоти муфассал дода, хатмкунандагонро барои интихоб намудани ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ даъват намудем.


Раёсати Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дангара Ниёзмуҳаммад С., мутахассиси пешбари шуъба Қурбонализода С., ба маъмурияти мактаби таҳсилотии миёнаи умумии №4,  ҳамзамон ба мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Исмоилов А.С., ба директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 Содиқов А.А. барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар тайёр намудани насли навраси ояндасози кишвар, ки барои идома додани таҳсил дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меоваранд,  изҳори сипос менамоянд.

Маҳсудинова Р.Ғ.
котиби Шӯрои олимони донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top