Мизи мудаввар дар кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

Бинанда: 1765 | Санаи нашр: 23 Феврал 2018

22-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси мудири кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Аминов Ф.И., дар донишгоҳ мизи мудаввар ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва кишвари биҳиштосо» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бунёд –Тур», клуби ризокорони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикстон ва омӯзгорону донишҷӯёни бахши сайёҳии Данишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар мизи мудаввар сардори бахши иқтисодӣ ва банақшагирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Муродалӣ, директори иҷроияи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бунёд –Тур» Қурбонов Суҳроб, узви клуби ризокорони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикстон Мирбозхонов Бахтиёр ва омӯзгорону донишҷӯён оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва баҳсу мунозира карданд.

 


шуъбаи робита бо ҷомеа дар ҳамкорӣ
бо кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top