Мулоқотҳо бо хатмкунандагон

Бинанда: 1972 | Санаи нашр: 20 Феврал 2018

Таваҷҷуҳ ба мактабу маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми аввалиндараҷа дорад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактабҳои олии кишвар тасмим гирифтааст, ки барои тарғибу ташвиқи чорабинии «Довталаб-2018», шиносоӣ бо равия, самт, ихтисос ва зерихтисосҳои донишгоҳ вохӯрии устодони донишгоҳро бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор  намояд.

 
Вобаста ба амалӣ намудани дастури мазкур,  аз таърихи 14.02.2018. то 17.02.2018 гурӯҳи кории намояндагони донишгоҳ дар ҳайати: мудири кафедраи маркетинг ва тиҷорат, н.и.и., дотсент Ҳакимов А. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Ҳомидов А. бо  омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён вохурӣ доир намуданд.


Дар ҳошияи сафар гурӯҳи корӣ бо хатмкунандагони литсейҳои давлатии №1, «Ориёно», муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, №6, №15 ва №12- и шаҳри Бохтар (ш. Қурғонтеппа) суҳбату вохӯриҳо гузарониданд ва ба онҳо оид ба шароиту имкониятҳои донишгоҳ иттилоот доданд.

Гурӯҳи корӣ бо хатмкунандагони ноҳияи Кӯшониён аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №20, №12 ва №4 суҳбати озод доир намуданд ва ба саволҳои довталабон посух доданд.

Навори видеоие, ки аз ҷониби раёсат барои «Довталаб 2018» омода гардида буд, ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №2, №56 ва литсейи ноҳияи Вахш низ нишон дода шуд.

Дар поёни суҳбату мулоқотҳо аз ҳамаи хатмкунандагон хоҳиш карда шуд, ки дар чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд ва аз шароиту имкониятҳо ва дастоварду зарфиятҳои илмию таълимии донишгоҳ маълумоти муфассал пайдо кунанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа бо ҳамкорӣ бо шуъбаи ҷавонон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top