Намоиши маҳсули дастони чеварони “Зебо”

Бинанда: 2008 | Санаи нашр: 17 Феврал 2018

Санаи 13-уми феврали соли ҷорӣ дар парки технологии “Тоҷирони ояндаи ҷумҳурӣ” – и назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши маҳсули дастони таълимгирандагони сехи таълимӣ – истеҳсолии “Зебо” ба намоиш гузошта шуд.

Дар ин намоиш аъзоёни раёсати донишгоҳ таҳти сарварии профессор Фақеров Ҳ.Н. ва як гурӯҳ меҳмонон аз Идораи патентии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи Тоҷикматлубот иштирок доштанд.

Маҳмонон ва дигар иштирокчиёни намоиш аз маҳсули дастони чеварони чирадасти сехи таълимӣ-истеҳсолии “Зебо”, ки воқеан ҳам зебою босифат дӯхта шуда буданд, изҳори қаноатмандӣ намуд, ба он баҳои баланд доданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top