Мулоқот бо магистрҳо

Бинанда: 2020 | Санаи нашр: 19 Феврал 2018

15-уми феврали соли 2018 мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К., сардори Раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаропов Ф.Р. ва сардори шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Зубайдов С. Бо магистрҳои курси 1-ум доир гардид.

Дар ин ҳамоиш масоили мубрам перомуни равони таълим дар магистратура, донишандӯзию омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дастрасӣ ва истифодаи босамари китобҳои электронӣ, ҳамкориҳои тарафайни магистру донишгоҳ, имтиёзҳо ва вазифаҳои навбатии магистрҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасии амиқу густурда қарор гирифт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top