Курси омӯзишӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)

Бинанда: 2643 | Санаи нашр: 16 Феврал 2018

15-уми феврали соли 2018 дар толори диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон курси омӯзишӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ-СПИД) бо иштироки устодон ва сарпарастони гурӯҳҳои академии донишгоҳ баргузор гардид.

Курси омӯзиширо муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки дар асоси мактуби Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2018 №05/5-879 «Барномаи курси омӯзишӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) барои омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби мутахассисон таҳия шудааст ва барои иҷро ба макотиби олии кишвар, аз ҷумла донишгоҳи мо манзур гардидааст.

Мақсади омӯзиш баланд бардоштани савияи дониш ва маълумотнокии омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барномаи курси омӯзишӣ оид ба ВНМО дар ҳаҷми 6 соат пешбинӣ шуда. мавзӯъҳои мушаххас, аз қабили «Вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи мубориза бар зидди бемории ВНМО», «Маълумот оид ба сирояти ВНМО, сабабҳо, роҳҳои гузариш ва пешгирии он» - ро дар бар мегирад.

Сипас, мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази бемориҳои ВНМО-и шаҳри Душанбе Набиев Тӯрахон Расулович дар мавзӯи «Вазъи эпидемиологии ВНМО дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи пурмазмун намуд.

Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки ВНМО қариб дар тамоми мамлакатҳои дунё ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст. ВНМО дар Африқои Ҷанубӣ ва биёбони Сахара сар зада, маркази он аз Африқои Ҷанубӣ то уқёнуси Ҳинд ба ҳисоб меравад. Эпидемияи ин беморӣ охирҳои соли 1970 ва аввалҳои солҳои 1980 оғоз ёфтааст. Имрӯзҳо ин беморӣ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ тез паҳн мешавад. Мувофиқи маълумотҳои соли 2011 беш аз 60 млн одамон ба ВНМО сироят ёфтаанд, ки аз онҳо 25 млн. вафот кардаанд, ва 35 млн. нафари дигар бо гирифтории ВНМО зиндагӣ карда истодаанд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори аввал дар ҷумҳурӣ сироятёбӣ бо ВНМО соли 1991 ба қайд гирифта шуд. Соли 2015 беш аз 6668 нафар одамон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 4869 нафарашонро мардон ва 1799 нафарро занон ташкил медиҳанд. Сол то сол афзоиши шумораи сироятёфтагони ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чашм мерасад.

Бояд ҳамагон дарк намоянд, ки ВНМО ба кишвари мо дар асри ХХ1 ворид гашт. Барои паст намудани хавфи сироятёбӣ ва паҳншавии беморӣ, сатҳи маълумотнокии одамонро баланд бардоштан лозим аст.

Сирояти ВНМО – ин сирояти музмини (хроникӣ) тамоми ҳаёт буда, моро водор месозад, ки ба ду мушкилии асосӣ: паҳншавии ВНМО чӣ гуна муқобилият нишон додан ва ба нафарони аз ВНМО сироятёфта чи гуна муносибат кардан, диққат диҳем.

шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top