АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК: ҲАДАФ ЧИСТ?

Бинанда: 1900 | Санаи нашр: 15 Феврал 2018

Дар сомонаи иғвоангези Akhbor.соm аз санаи 12.02.2018 оид ба таъсиси анҷумани озодандешони тоҷик хабар доданд. Саволе ба миён меояд, ки ҳадаф аз ташкили чунин «Анҷуман»-ҳое, ки ҳануз ба фаъолият оғоз накарда, аз «буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фасоди густурдаи идорию ноадолатиҳои иҷтимоӣ» ҳарф мезанад, чисту аъзоёнаш чи касонеанд? Мутаасифона вақте масъаларо мавриди таҳлили амиқ қарор медиҳӣ, маълум мегардад, ки бадхоҳони миллат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ин пешравиҳои сарзамини азизу маҳбуби тамоми Тоҷикистониёнро ҳеҷ чашми дидан надоранд. Онҳо кȳшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун як мамлакати ноадолатиҳо қаламдод намоянд. Ба қавли зарбулмасали мардумии тоҷикон «Обро лой намуда, моҳӣ бидоранд!». Роҳбарият ва аъзоёни Анҷумани мазкур ҳеҷ гоҳ ба миллат, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон беғараз набуданд ва нестанд. Яке дар ҶИЭ паноҳ мебараду ғояҳои равияи шиаъро тарғибу ташвиқ менамояд, дигаре масти маблағҳои хоҷагони аврупоии худ гашта.

Месазад иброз намуд, ки эй «озодандешон»-и мȳхтарам! Боиси эҷоди хушунат ва бадбинӣ маҳз фаъолияти Шумо гардида истодааст! Маҳз фаъолияти Шумо ба якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, истиқлоли давлатдории Тоҷикистон таҳдид менамояд! Манофеъи шахсии худро яксу гузошта, аз манофеъи миллат ва давлати ҷавони Тоҷикистон ҳимоя намоед!

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷавонони мамлакатро ҳушдор медиҳад, ки фирефта ва шайдои суханони дуруғ ва ормонҳои пучи ин гуна «Анҷуман»-ҳо нагашта, камари ҳиммат баҳри ободии Ватан бибанданд…

  

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top