Изҳороти раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ

Бинанда: 2099 | Санаи нашр: 15 Феврал 2018

Раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ созмони Анҷумани озодандешони тоҷикро, ки роҳбарону аъзои гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнуси Истравшанӣ ва дигарон дар хориҷи кишвар ташкил кардаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф намекунанд. Мо афкору андешаҳои нодурусту иртиҷоии аъзои Анҷумани озодандешагони тоҷикро, ки аз номи давлату миллати бафарҳанги тоҷик ҳуқуқи маънавӣ ва асоси ҳуқуқии сухан гуфтанро надоранд, комилан ва қотеона маҳкум менамоем.

Муассисон ва аъзои фаъоли Анҷумони навтаъсиси озодандешони тоҷик, ки худро ба ҳайси шахсиятҳои шинохтаи сиёсию фарҳанги тоҷик муаррифӣ мекунанд, дар асл ходимони хадамоти махсуси хориҷӣ ва доираҳои идеологии кишварҳои муайян мебошанд ва онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нафар ҳамчун ашхоси маъруфи сиёсию фарҳангӣ намешиносад. Чунончӣ, Аюб Эгамов қаллоби техникӣ ва собиқ котиби матбуотии Маҳмуд Худойбердиев, Сайидюнуси Истаравшанӣ фитнагару найрангбоз, ватанфурӯшу мазҳабфуруӯш ва Алим Шерзамонов қаллобу ҷинояткор, ки аз бонкҳои Тоҷикистон қарзҳои зиёд гирифтаву фирор кардааст ва нисбат ба ӯ аз ҷониби мақомоти дахлдор парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст, мебошанд.

Аъзои фаъоли Анҷумани озодандешони тоҷик оид ба бунёди Тоҷикистони навин сухан мегӯянд ва ин иддаои онҳо лофу газоф ва ҳазёну жожхоие беш нест. Давлату ҷомеаи кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маслиҳату машварати онҳо ниёз надорад ва афкору ақидаҳои ғаразноки эшонро намепазирад.

Мардуми тоҷик ва, ба вежа, ҷавонони бонангу номуси кишвар дар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи бунёди ҷомеаи демократию мардумсолор, эҳёи ҷашну ойинҳои миллӣ – Наврӯз, Меҳргон, Сада, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёт ва густариши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асри 21-ум ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Раҳбарияти олии кишвар ва миллати бостонию фарҳангпарвари тоҷик дигар ҳаргиз намегузоранд, ки душманону мухолифини давлату мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол афкору ақидаҳои иртиҷоию тундгароёнаи худро дар ҷомеаи демократию дунявии мо амалӣ созанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top