СУЛҲУ ВАҲДАТ - АСОСИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Бинанда: 129 | Санаи нашр: 26 Июн 2024

«Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи тираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид. Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон, яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате сайу талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам, дастоварди бузургтарин ва таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҷаҳду толошҳои шабонарӯзии Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Имрӯз мо ба шарофати пойдории сулҳу субот давлат ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки дар чунин низом муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикрронии инсон аҳамияти куллан нав пайдо менамоянд. Дар шароити имрӯзаи кишвар бояд ба моҳияти арзишҳо ва ѓояҳои демократии нав, тарзи зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо бунёди онро марому мақсади хеш қарор додаем, ҷавобгӯ бошем.

Ҳар як шаҳрванд ва ҳар инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донад. Тоҷикон дар ҳама давру замон мардуми сулҳдӯсту сулҳхоҳ буда, ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарѓибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд.

Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми сайёра, ба хусусус тоҷикону тоҷикистониён, ки тӯли мавҷудияти худ борҳо ба таҳдиду хатарҳо рӯбарӯ гардидаанд, ваҳдату якдигарфаҳмӣ қадру манзалат ва аҳамияти зиёд пайдо мекунад. Аз инҷост, ки ҳамасола дар саросари ҷумҳурии азизамон - Тоҷикистон 27-июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштӣ ва ҳамфикрӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бигузор, осмони ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша софу беғубор ва мардумаш дар фазои сулҳу ваҳдати саросарӣ умр ба сар бурда, баҳри ободию шукуфоӣ ва боло рафтани обрӯю нуфузаш дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд!

Ҷаъфар Неъмонов, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top