Идома додани мактаби устоду шогирдӣ вазифаи ҳар як олим аст

Бинанда: 232 | Санаи нашр: 08 Июн 2024

Илм, маориф ва аҳли зиё яке аз василаҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб ёфта, ғамхорӣ ба аҳли зиё ин ғамхорӣ ба ояндаи неки давлат ва миллат мебошад. Бинобар ин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пайваста ба ин қишри ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Дар мулоқоти навбатӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар муҳтарам Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд”. Бо назардошти ҳолати мазкур Сардори давлат оид ба тадбирҳое андешаронӣ намуданд, ки онҳо метавонанд дар оянда боиси рушду пешравии давлат гашта, ба ин халқи шарафманд хизмат намоянд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Дар мулоқот яке аз андешаҳои муҳим оид ба ҳифзи миллат, фарҳанг ва тамаддун ин буд, ки “дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд меёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”. Воқеан дар шароити имрӯза дар натиҷаи бархурди тамаддунҳо танҳо миллат ва давлатҳое манфиатҳо, арзишҳо, ва фарҳанги худро нигоҳ дошта метавонанд, ки донишманд, зирак ва худогоҳ бошанд.

Муҳтарам Пешвои миллат оид ба дастгирӣ намудани ҷавонон, олимони ҷавон ва тарбия намудани кадрҳои ҷавон аз ҷониби олимонро бо таври фарох баррасӣ намуда, қайд намуданд, ки “Дар баробари ин, мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор – панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд. Дар ин росто дар воқеъ ҳар як олим ва донишмандро аз натиҷаи маҳсули фаъолияташ дар ҷомеа баҳо медиҳанд, олиме, ки шогирдони меросбари худро тарбия накардааст баъд аз ӯ номаш ва соҳаи татқиқоти илмиаш низ аз байн меравад. Дастури арзишманди дигар ба олимон аз он иборат аст, ки ба кадрҳои ҷавон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва олимони ҷавонро роҳбарӣ ва тарбия намоянд. Зеро ба андешаи муҳтарам Пешвои миллат “Идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”.

Дар маҷмуъ қарзи ҷонии ҳар як олим дар раванди идома додани мактаби устодиву шогирдӣ ин омода ва тарбия намудани кадрҳои ҷавон мебошад. Бояд ба истеъдодҳо ва олимони ҷавоне, ки лаёқатманд мебошанд, аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Олимонро зарур аст, ки аз худ мероси гаронбаҳо, натанҳо асарҳои илмӣ балки шогирдони асилро тарбия намуда ба камол расонанд, ки онҳо меросбари ин тамаддун ва фарҳанги волои миллати тоҷик бошанд.

Фаррух Алиев, н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top