РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 209 | Санаи нашр: 07 Июн 2024

Ҷомеаи инсонӣ аз рӯзи нахуст барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба ҷустуҷӯю навовариҳо пардохта, мехост талаботи рӯзмараи худро қонеъ намояд. Инсон давра ба давра ба комёбиҳои назаррас ноил мегардид, таҷриба мегирифт, фикр мекард ва чизҳои нав ба наверо дар хаёлоташ меофарид ва минбаъд андешаи ихтирои онро менамуд. Барои ихтироъ намудан аз зинаи аввалини дониши андӯхтаи худ истифода менамуд. Акнун дониши инсон аз фаъолияти ҳаррӯзааш манша мегирифт ва тайи солҳо мукаммал мегардид. Инсон дарк намуд, ки танҳо тавассути илму дониш метавонад дар ҳаёти худ ва умуман ҷомеа беҳбудӣ бахшад ва ба ин васила саодати рӯзгорашро таъмин намояд.

Комёбиҳои илмии инсон дар ҳар давраи таърихӣ назаррас мегашту дар таҷрибаи ҳаётӣ татбиқ мешуд. Ҳамаи дастовардҳои илмие, ки инсоният дар тули асрҳо андӯхту дар ҳаёт татбиқ намуд, барои рушди бесобиқаи илм дар асрҳои ХХ-ХХ1 замина гузошт. Инсон акнун дар марҳилаи нави таърихӣ, марҳилаи пуравҷи илму техника, марҳилае, ки муайянкунандаи буду бошаш дар ҳаёти ҷамъиятӣ буд, қарор гирифт.

Бесабаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати асосии худро ба соҳаи илм ва офарандагони он равона накардааст. Чи тавре ки қайд менамоянд: “Дар ҷаҳони муосир танҳо кишваре метавонад ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбад, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намуданд, ки дар замони муосир бе илму дониш, техникаю технологияи замонавӣ рушди иқтисодии давлатро дар рақобатҳои сиёсию иқтисодӣ ва идеологию фарҳангӣ таъмин намудан номумкин аст.

Фатҳ намудану зафарманд гаштан ва мавқеъ ёфтан дар арсаи байналхалқӣ ба он давлате муяссар мегардад, ки “...дар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаю технологияҳои муосир тараққӣ кардаанд”. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат мебошад, чунки рушди давлатҳои тараққикардаи дунё далели воқеии гуфтаҳои Пешвои миллат мебошад.

Дар ин росто Ҳукумати мамлакат ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар баробари ин шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 47 адад расидан гувоҳи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таваҷҷуҳ доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон нишона аз он аст, ки мавқеи меҳварии ин қишри ҷомеаро эътироф доранд. Чӣ тавре ки иброз доштанд,”Амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ” на танҳо вазифаи Ҳукумат, балки саҳми олимону зиёиён назаррасанд, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз Сарвари давлат такя ба олимону зиёиёни кишвар дорад.

Бо самимияти зиёд ва арзи эҳтиром гуфтан лозим аст, ки Модари тоҷик ҳазорҳо нобиғаҳоро ба дунё оварду тарбия намуд, ки илму фарҳанги миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд ва номи фарзонафарзандони миллат шомили хазинаи тиллоии таърих гардидаанд. Ва имрӯз олимону муҳаққиқони тоҷик давомдиҳанда ва ҳифзкунандаи мероси ниёгони худ мебошанд. Метавон бо боварӣ гуфт, ки олимони тоҷик ба дастовардҳое ноил мегарданд, ки бори дигар илми тоҷикро ҷаҳонӣ мегардонанд. Мо ҳамагон имрӯз ифтихор аз Сарвари илмдӯсту маорифпарварӣ хеш дорем.

Сайфулло Авғонов, н.и.ф., сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top