БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ИЛМ – ҲАДАФИ АСОСИИ РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ КИШВАР

Бинанда: 218 | Санаи нашр: 07 Июн 2024

Аз ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату ҳукумат ба масъалаи илму маориф хоса буд.

Илм – фаъолиятест, ки баҳри таҳия ва низомнок кардани донишҳои объективӣ оид ба ҳақиқат равона гаштааст. Рушди илм ва истифодаи самараноки он дар истеҳсолот боиси рушд кардани иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат мегардад.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба илму маориф ҳамеша зиёд буда, мунтазам мулоқоти Сардори давлат бо зиёиёни мамлакат, аз ҷумла олимон ва ҷавонон баргузор мегардад. Дар ҳар паёми навбатӣ ба Маҷлиси олии кишвар Пешвои муаззами кишвар таъкид мекунанд, ки мақоми олимону омӯзгорон баланд бардошта шавад.

30 майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқоти васеъ доир намуданд.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем”. Ин буд, ки бо ташаббуси Сарвари давлат маоши кормандони соҳаи илм дар 4 соли охир аз 60 то 100% баланд бардошта шуд.

Зимни мулоқот Пешвои миллат саҳми илмро дар рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат бо нишондодҳои муайян муаррифӣ намуданд.

Дар баромад қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд гардиданд.

Дар ҷумҳурӣ имрӯз барои машғул шудан ба фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва эҷодӣ ҳеҷ ягон маҳдудият ҷой надорад. Тамоми шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони мансабдор ҳуқуқ доранд ба фаъолияти илмӣ машғул шаванд.

Имрӯз олимони кишварро зарур аст, ки ба боварии роҳбарияти мамлакат сазовор бошанд ва таҳқиқотҳои амиқи ба ҷомеа судмандро анҷом диҳанд. Истеҳсолотро зарур аст, ки аз натиҷаҳои фаъолияти илмӣ истифода бурда, самаранокии фаъолияти худро таъмин намояд.

 

Фитрат Рустамов, н.и.и., декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top