КАМОЛИ ОДАМӢ ДАР ИЛМ БОШАД!

Бинанда: 285 | Санаи нашр: 05 Июн 2024

Илму дониш, маърифат, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонӣ буда, ба зиндагии инсоният нуру сафои зиёд мебахшад. Касе, ки аз илм баҳраманд бошад, қалби нуронию рӯҳи қавӣ дорад ва ба атрофиён ҳамеша бо нерӯи дониш таъсири мусбат мерасонад. Маҳз тавассути илму дониш инсоният рӯз то рӯз кашфиётҳои наву дастовардҳои зиёд ба даст оварда, мушкилоти ҳаётии худро бартараф месозад.

Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Маврид ба зикр аст, ки аз замонҳои қадим халқи тамаддунофари тоҷик ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи зиёд дошта, бузургони илму адаб ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Имом Абӯҳанифа, Насриддини Тӯсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷамшеди Кошонӣ ва дигарон дар инкишофи илм дар сарзамини тоҷик хидматҳои бузург кардаанд

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургони илму адаби кишварро сарчашмаи рушду такомули иқтисодиёти кишвар маҳсуб дониста, қайд менамоянд, ки олимону донишмандон ва коршиносону муҳаққиқон метавонанд бо тафаккури эҷодӣ, арзишҳои зеҳнӣ, маҳорату истеъдод, салоҳияту касбият ва иқтидори шахсият ин рисолати таърихиро таъмин созанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста сиёсати маорифпарваронаи хешро идома дода, олимонро чароғи маърифат ва равшангари ҳаёти осоишта медонанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳар инсон эҷодкору офаранда, мактабдору шогирдпарвар аст.

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли илму маориф савол гузоштанд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор – панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд? Посух ҳамин аст, ки на ҳар дарахт меваю ҳосил медиҳад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд. Расми дунё ҳамин аст, ки ҳеҷ кас дар зиндагӣ ва мансаб абадӣ нест ва касе ҳатман ҷойгузини каси дигар мешавад, аз ҷумла шогирд ба ҷойи устод.

Дар ҷойи дигар зикр намуданд, ки “Зиёиён фонд ё захираи тиллоии миллатанд”. Дар воқеъ ин нуқтаи назар орифона аст.

Рисолати олимонро чунин баён намуданд, ки дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд.

Имрӯз олимонро зарур аст, ки дар фазои орому осоишта кору фаъолият намуда, дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ҳадафҳои стратегию миллии кишвар бо азму иродаи қавӣ ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд.

Некрӯз Мирзон, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top