ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ АҲЛИ ЗИЁ

Бинанда: 294 | Санаи нашр: 05 Июн 2024

30 - юми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот намуданд, ки ин раванд ба ҳолати кунунии рушди илм ва таъсири он ба истеҳсолот таккони ҷиддӣ медиҳад.

Сарвари муаззами миллат иброз доштанд, ки илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа меҳисобанд ва бояд қайд намуд, ки саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани сатҳи илм ва маорифи кишвар беназир аст.

Тибқи маълумотҳои омори қайд гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карданд, ки ин раванд таъсири худро дар рушди илму маърифат дар кишвар расонид ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ ҷойҳои намоёнро ишғол намудани ҳамватанони мо боиси ифтихор ва сарфарозии миллат аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва мо олимон бояд кушиш ба харҷ диҳем то илмро бо истеҳсолот якҷоя намуда барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошем.

Иқдоми навбатии пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси қабули Қонун “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” масъулин ва сохторҳои марбутаро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни зикршуда чораҳои дахлдор андешанд ва ин раванд мо омӯзгоронро водор менамояд, ки кушиш ба харҷ диҳем, ки ҷавононро дар ин руҳия тарбия намуда, илмро ба истеҳсолот наздик намоем ва дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат саҳмгузор бошем.

Дар вохӯрӣ Сарвари давлат оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа пешниҳодҳои бомаврид намуданд.

Дар баробари ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар - дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.

 

Суҳбатулло Ҳикматов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top