ИЛМ ВА ОЯНДАИ ТАМАДДУН

Бинанда: 184 | Санаи нашр: 05 Июн 2024

(Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

 

Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 30-юми майи соли 2024 зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар тамоми соҳаҳои кишвар ихтироъкор, соҳибкор, ҳунарманд ва донишманд намерасад ва таъкид намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.”

Пешвои муаззами миллат ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар суханронии Президенти муҳтарами кишвар таъкид шуд, ки то замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.

Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

Тамоми мамолики дунё асри 21-ро чун асри техника ва технологияи инноватсионӣ эътироф кардаанд ва талош дорад, ки дар ин ҷода муваффақ бошанд. То имрӯз диққати мардуми мо бештар ба фанҳои гуманитарӣ равона шуда буд. Вале мебинем, ки тафаккури гуманитарӣ наметавонад моро аз бӯҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба сиёсату иҷтимоиёт раҳо созад. Фанҳои  гуманитарӣ ва дақиқ бо ҳам пайвастагӣ дошта, такмил додану аз худ кардани онҳо барои инкишофи тафаккур зарур аст. Агар ин фанҳо сар сарӣ омӯхта шаванд, тай намудани зинаҳои инкишофи тафаккур, яъне, мустақилият, қобилияти фикрронӣ, таҳлилу хулосабарорӣ карда тавонистан ва ҷасорати баёни андешаҳои солим мушкил мегардад. Пешравии сатҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди истеҳсолоти давлатҳои Ғарбро маҳз азхудкунии ҳамин зинаҳои инкишофи тафаккур таъмин намудаанд.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, давлат ва ҳукумат мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд мебардоранд.

Ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.

Омили асосии рушду нумӯи рӯзафзуни иқтисодӣ ва беҳшавии рӯзгори мардуми кишварҳои мутараққии дунёро коршиносон ба болоравии фарҳанги техникӣ ва вусъати технологияи навинашон нисбат додаанд, ки бешак дуруст аст.

Президенти кишвар ишора намуданд,ки соли 2022 Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ»-ро қабул намудем.Татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидаанд ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мамлакат доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд.

Дар бораи саҳми олимони кишвар ба истеҳсолоти мамлакат ишора намуда, аа ҷумла қайд намуданд: “То ҳол воридоти молҳои ниёзи аввал ба кишвар зиёд буда, солона беш аз 17 миллиард сомонӣ ё 25 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад ва илми ватанӣ ба тағйир додани чунин вазъият таъсиргузор нест.

Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат хотиррасон намуданд, ки таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти мамлакат бояд ба раванди пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъолияти инноватсионӣ такони ҷиддӣ бахшад”.

Оид ба вазъи кадрҳо ва ҷалби ҷавонон ба илм Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд, яъне дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд. Дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест.

Инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар Ҷумҳурӣ ниёз дорад. Ба ин хотир ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад.

Азбаски асри ХХI давраи босуръат пешравии илму техника ва технология мебошад, ҷомеаро бе инкишофи бемайлони илму маориф тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ҷаҳони муосир илму маориф ҳамчун сарчашмаи бунёди пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ карда мешаванд.

Омили асосии рушду нумӯи рӯзафзуни иқтисодӣ ва беҳшавии рӯзгори мардуми кишварҳои мутараққии дунёро коршиносон ба болоравии фарҳанги техникӣ ва вусъати технологияи навинашон нисбат додаанд, ки бешак дуруст аст. Ва ин таҷрибаи давлатҳои пешрафта моро низ ба кӯшишу талошҳо ҳидоят мекунад.

Президенти мамлакат дар баромади худ иброз доштанд, ки “Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм навсозии муҳити таълимӣ, илмиву таҳқиқотӣ дар соҳаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ идома дорад. Вале дар баробари ин, иҷрои стратегияи мазкур ба талабот ҷавобгӯ набуда, як қатор тадбирҳои муҳим, аз ҷумла коркарди заминаҳои меъёрии хуқуқӣ ҷиҳати таъсис ва рушди зерсохтори инноватсионӣ дар соҳаи маориф ва илм, ташкили сохторҳои идоракунии соҳа ва омода кардани насли нави кадрҳо бо тахассуси олӣ аз фанҳои табиӣ ва риёзӣ қонеъкунанда нест”.

Ин мавзӯъ баҳси доманадорро тақозо мекунад, зеро андешаҳо дар атрофаш гуногунанд. Вале ҳадафҳо яканд: бояд бо мукаммалгардонии дониши техникии худ ҳамқадами замон бошем ва бо ихтирооти технологиву инкишофи соҳаи иқтисод дар пешрафти кишвар ва пайвастани он бо ҷаҳони мутараққиву мутамаддин саҳмгузор бошем.

 

Њабибулло Мақсадов, н.и.т., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top