РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ РУШДИ КИШВАР АСТ

Бинанда: 183 | Санаи нашр: 05 Июн 2024

(Бардоштҳо аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Дар марҳалаи нави рушди мамлакат соҳаи илму маориф ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфта, дар низоми иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад.

Санаи 30 - юми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар вазъи илм ва маорифро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба масъулини соҳа дастурҳои муҳим доданд, ки амалишавии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди соҳа, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва иқтисодии кишвари маҳбубамон мусоидат мекунад.

Суханронии Пешвои муаззами миллат хеле фарогиру амиқи илму маориф буд, аммо инҷо мехостем танҳо ба якчанд нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ дошта бошем.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Бо назардошти аҳамияти ин масъала мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».

Ба андешаи Президенти мамлакат, имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба пешрафту тараққиёти баланд ноил мегарданд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо менамояд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Дар партави дастур ва супоришҳои арзишманди Пешвои миллат, олимон ва омӯзгорон бо натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба кишвари маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

Дар маҷмуъ, мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли илму маорифи кишвар, нишон дод, ки миллати тоҷик ва Пешвои муаззами миллат ба халқи тамаддунофар ва рушди илму маориф таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Ҳамин тавр, вақте, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат ба илму маорифи кишвар таваҷҷуҳи зиёд мекунанд, хизмати олиму омӯзгорро қадр менамоянд, пас мо низ ба касби худ фидоӣ бошем, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавону соҳибкасб содиқ бошем, фарҳанги пурғановати худро боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

 

Дустматов Б.М., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top