ИЛМ АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Бинанда: 187 | Санаи нашр: 05 Июн 2024

Санаи 30 05.2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.

Дар мулоқот Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат ҳамасола дар вохӯриҳо дар рӯзи дониш оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва тафаккури техникии донишҷуён ва кормандони соҳаи илм, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки ҳар як муассисаи кишвар дар ин самт бетараф набошанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронӣ қайд намуданд, ки дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои шакли нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати илм ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши насли навраси кишвар бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Имрӯзҳо мебояд, ки насли навраси кишвар дар зери сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат камари ҳиммат баста, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар илмҳои навинро дар сатҳи зарурӣ аз худ намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар - дар рӯҳияи худшиносӣ ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму оинҳо ва либоси миллӣ, тарбияи наслҳои наврасу ҷавононро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки қисми зиёди мамлакатҳои дунё аз дастовардҳои олимонӣ тоҷик, ба мисли Абуалӣ ибни Сино, Ал Берунӣ ва ғайраҳо истифода мебаранд.

Мо, ҷавонони истиқлолият дастуру ҳидоятҳои арзишманди Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, бовар мекунонем, ки нуфузу эътибори илми тоҷикро на танҳо дар кишвари азизу маҳбубамон - Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳам баландтар мебардорем ва ба дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ ноил мегардем.

Диловар Хоҷаев, н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва қарзи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top