МАКТАБИ УСТОДУ ШОГИРДӢ – АНЪАНАИ НЕКИ НИЁГОН

Бинанда: 150 | Санаи нашр: 05 Июн 2024

Ҳар як вохўрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф ба тамоми қишри ҷомеа таассуроти фаромўшнашаванда мебахшад. Мулоқоти имсола низ истисно нест ва дар он ба ҳолати гузаштаю имрўза ва дурнамои омўзишу татбиқи илмҳои табиию риёзӣ ва тафаккури техникӣ дар мамлакат дар сатҳи олӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Зимни суханронӣ Сарвари давлат доир ба дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, беҳбуди сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмии мамлакат мисолҳои зиёд оварда, фаъолияти олимонро дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ таҳлил намуданд. Дар назди Ҳукумати чумҳурӣ вазифа гузошта шуд, ки барои ба талаботи замон ҷавобгў сохтани илми ватанӣ, дар истеҳсолот ба таври васеъ татбиқ намудани дастоварду ихтироъкориҳои олимону муҳаққиқон тадбирҳои амалӣ андешад.

Дар баромад илму маориф ба ҳайси омилҳои асосии рушди кишвар арзёбӣ гардида, робитаҳои устодию шогирдӣ ҳамчун як самти муҳими пешрафти ҷомеа, воситаи беҳтарини азхудкунии донишу малака зикр карда шуд. «Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд – қайд намуданд Президенти мамлакат дар вохўрӣ. Фаромӯш набояд кард, ки ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад».

Бале, беҳуда нест бузургони гузаштаи мо аз таҷрибаи рўзгор баҳра бардошта, фармудаанд:

Қадри устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Дар давраҳои гуногуни таърихи кишварамон шогирдони зиёде қадру манзалати устодони пурҳунарро ба ҷо оварда, дар асарҳояшон номи онҳоро бо эҳтироми хоса ва миннатдории зиёд зикр карда, қуллаҳои баландтарини илму маърифатро фатҳ намудаанд. Ҳоло аз фаъолияту эҷодиёти онҳо тамоми аҳли ҷомеаи башарӣ ифтихор менамояд.

Ростӣ, дар шароити муосир баъзе ҷавонон тавассути интернету телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои иттилоотии технологӣ ба фарҳанги ба мо бегона таваҷҷух намуда, аз арзишҳои миллӣ, ки дар тўли асрҳои зиёд ҳамчун пурарзиштарин сармоя, истифода мешуданд, то дараҷае дур мондаанд, ки ин ба ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад. Ҳаминро ба назар гирифта, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҷараёни аттестатсияи омўзгорон, ки рўзҳои охир гузаронида шуд, таъкид намуданд, ки дар партави роҳнамоиҳои Сарвари давлат ба олимону зиёиён дар сатҳи баланд ташкил намудани раванди таълиму тарбия хеле зарур аст.

Ҳайати олимону омӯзгорони донишгоҳ кӯшиш менамоянд, ки минбаъд низ рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, шогирдони сазовори даврони истиқлолиятро тарбия менамоянд.

Абдуалим Ҳомидов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top