НАСЛИ ЭҶОДКОР – ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Бинанда: 127 | Санаи нашр: 04 Июн 2024

Дар сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди илму маъориф, баланд бардоштани сатҳи маърифатпазирии маънавӣ, эъҷодкорӣ ва ихтироъкорӣ авлавият дорад.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки танҳо ақли созанда, эҷодгар ва ихтироъкунанда мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ - техникӣ ва маданиро ҳал карда метавонад.

Пешрафти ҳар ҷомеа ба характери истеҳсолоти дар давлат вуҷуддошта, ки он аграрист ё саноатӣ, ҳатто на ҳама гуна навъи саноат, балки саноате, ки мошин ва механизмҳо, дастгоҳҳо, олотҳои мураккаб истеҳсол менамояд ва онҳо зарурияти кашфиётӣ ва ихтироъкориро ба миён меорад, миллатро барои донистани фанҳои дақиқ ва аз худ намудану истифодаи техника ва технологияи пешқадами муосир водор месозад. Он, ки саноат илмро аз садҳо донишгоҳҳо бештар пеш мебарад, суханони хушку холӣ набуда, таҷрибаи халқҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад.

Ҳангоме, ки ҷои кории зеҳнталаб беш аст, табиист ки одамон барои инкишофи зеҳнашон ба таҳсилу илм ва донишандӯзӣ ҳавасманд мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар - дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани насли наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.

Бале, имрӯз зарурияти он расидааст, ки мардуми кишварамон бо маънавиёти пешрафтаву худогоҳона дар муқобили ҳар гуна ифротгароӣ ва зуҳуроти номатлуби замони худ қарор гирад. Мо тоҷикон набояд аз рӯи эҳсос бо масъалаҳои ҷиддӣ ва сиёсӣ бархурд кунем, балки дар муқобили ҳар гуна мушкилот шуҷоона истодагарӣ намуда, дар шинохти нуқтаҳои заифу камбудиҳо ба хотири пирӯзӣ ба онҳо тарҳу барномаи мушаххас дошта бошем.

Ҳамчун як шаҳрванди тоҷик боварии комил дорам, ки мо ба ҳайси як миллати ақлгарову мантиқшинос дар илму техника ва технологияи муосир, тиҷорату саноат, метавонем пешрафту инкишоф намуда, ба дастовардҳои бузург ноил шавем, ки ин худ муқобили ҳамагуна таҳдидҳои замони нав хоҳад буд.

Ҷаъфар Неъмонов, н.и.с., дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top