ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ВА БАҚОИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Бинанда: 175 | Санаи нашр: 03 Июн 2024

(Баъзе андешаҳо вобаста ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат)

Дар вохӯрии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки санаи 30.05.2024 баргузор гардид, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот қайд карда шуд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.

Ҳолати имрӯзаи илм, рушд ва дурнамои он аз ҷониби Сарвари мамлакат таҳлил ва баҳогузорӣ карда шуд, ҳамаи мо намояндагони соҳаро водор менамояд, ки фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ ва ихтироъкориро тақвият диҳем.

Воқеан дар ҷаҳони муосир, ҳар он мамлакате, ки аз рӯйи тараққиёти илмию техникӣ қафо монад, ин падида метавонад ба суръати афзоиши иқтисодӣ халал ворид намуда, ба некӯаҳволии мардуми он таъсири бад расонад, зеро навоварию ихтирокорӣ ҳамеша ҳамсафари рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҳама гуна давлатҳо ба шумор меравад.

Ба ақидаи мо фаъолияти илмӣ дар ҳар як муассисаҳои таълимӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмии мамлакат бояд тақвият дода шуда, баҳри пайвастагии он бо амалия чораҳои муассир андешида шаванд. Истифодаи технологияҳои инноватсионии дар асоси таҳқиқоти илмӣ ҳосилшуда, метавонад ба ҷараёни истеҳсоли мол, кор ва хизматрасониҳо таъсири мусбат расонида, маҳсулотро дар бозори дохилӣ ва берунӣ рақобатпазир гардонад.

Дар масъалаи баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, стратегияи махсуси 20-солаи рушд қабул шудааст, ки он метавонад барои баланд бардоштани сатҳи дониши насли наврас боис гашта, барои тақвият ёфтани дониши муҳассилини зинаҳои гуногуни таҳсилот дар мамлакат асос гардад. Имрӯзҳо кор дар ин бахш тақвият ёфта, ташкили ҳар гуна озмунҳо ва чорабиниҳои мухталифи илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва пажуҳишгоҳҳои махсуси илмии мамлакат аз он дарак медиҳад.

                Дар бахши ташаккули тафаккури техникӣ ва дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва қарорҳоро баҳри ташкил ва роҳандозӣ намудани раванди имтиёзноки чунин фаъолият қабул намудааст. Махсусан, ҷиҳати аз андозҳо озод намудани фаъолияти инноватсионию технологӣ, мувофиқи моддаи 396-и Кодекси андоз чунин муқаррар шудааст: “Субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ дар доираи фаъолияти худ аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ба истиснои пардохти андози иҷтимоӣ ҳамчун андозсупоранда-суғуртакунанда, пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоии суғурташаванда, инчунин дар лаҳзаи пардохти даромадҳо дар манбаи пардохт, аз ҷумла суди саҳмияҳо ҳамчун агенти андоз, озод карда мешаванд”.

Хулоса, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади рушди ҳамаҷонибаи соҳаи илму маориф, беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳа, дастгирии олимон, тарбияи насли нави олимони ҷавон тамоми шароит ва имкониятҳоро муҳайё намудааст, зеро илм фурӯғи маърифат ва бақои ҳастии миллат мебошад.

Қурбонов Абдукарим Раҳимович, н.и.и., дотсент, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top