ТАКМИЛИ ИҚТИСОДИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСОСИ РУШДИ БОСУБОТИ ИЛМ ВА МАОРИФ

Бинанда: 183 | Санаи нашр: 03 Июн 2024

Мо дар он ақидаем, ки дар ҳақиқат нақши илм ва маориф дар такмили иқтисодиёти муосири Тоҷикистон беназир аст. Дар Паёми худ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «...бе саҳми сармояи инсонӣ рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатпазирии он ғайриимкон аст». Аз ин рӯ, маориф ва илм омилҳои асосии рушди кишвар буда, олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа буда, барои рушди ҳамаҷониба ва беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илм имконият фароҳам меоранд. Инчунин, мавқеи илму донишмандон, олимону маорифпарварон, зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа сол то сол аз ҷиҳати иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ меафзояд.

Рушди иқтисодиёти муосир, пеш аз ҳама иқтисодиёти инноватсионї дар кишварњои дунё имконияти сазовор шудан ба сатњи баланди савод, маориф ва фарњанг, дониш ва азхудкунии касбро дар бар гирифтааст.

Дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар 30 майи соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат маблағҳои молиявӣ ҷудо менамояд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои беҳтар намудани заминаи моддию техникии илми ватанӣ 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, сохтори Академияи илмҳо такмил дода шуда, соли 2020 ба Академияи илмҳои миллӣ табдил ёфт. Инчунин дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи давлатии сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 36 миллиард сомонӣ ва ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 724 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешавад, ки аз онҳо даҳҳо лоиҳаҳо ба соҳаи илм нигаронида шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда бошад, соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ва дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳукумат ба масъалаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд, масалан, дар тӯли 30 соли истиқлолият беш аз 3900 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, гимназияву литсейу коллеҷҳо, инчунин донишгоҳу донишкадаҳо сохта шудаанд.

То замони истиқлолият дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавҷуд буда, дар онҳо 65 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард ва имрӯз дар кишвар 47 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият менамояд, ки шумораи донишҷӯёни онҳо зиёда аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам қариб чор баробар афзудааст. Боиси қайд аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон илми донишгоҳӣ бомуваффақият инкишоф меёбад.

Айни замон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.

Корҳои анҷомдода то имрӯз гувоҳӣ медиҳанд, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи асосиро ишғол намуда, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва зиёиён қувваи созанда ва пешбаранда дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат мебошанд. Олимони  кишвар дар таҳияи санади муҳими давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзанда гузоштанд.

Президенти муҳтарам қайд намуданд, ки олимони мо бояд минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди устувори кишвар, пешбурди соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст кардани шиддати муњољирати мењнатї, рушди иќтисоди сабз ва такмили робитањои иќтисодии хориљї ва истифодаи самараноки иќтисоди раќамї саҳмгузор бошанд. Иҷрои ин вазифаҳо на танҳо ба дӯши Ҳукумати Тоҷикистон, олимону зиёиёни кишвар бояд дар мадди аввал бошанд.

Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки дастовардҳои моддию маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи бостонии тоҷикон пажӯҳишҳои илмии худро густариш бахшанд ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсоз, дорандагони маданияти баланд ва дорои натиҷаҳоии илмии беназир муаррифӣ шавад.

Сарвари давлат дар ин нишаст зикр карданд, ки ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба илм ва татбиқи сиёсати илмӣ яке аз вазифаҳои асосии соҳаи маориф ва илм маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки рушди босуръати соҳаи маориф ва илм дарёфти мутахассисони ҷавони ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғулбуда, дастгирии онҳоро самти афзалиятноки рушди илму маориф шуморидан зарур аст. Дар ин шароит мо ҳалли масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро ҳамчун таҳқиқотчиёни муосири кишвар муҳим мешуморем.

Дар Тоҷикистон саҳми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф ва илм беназир аст ва он мавқеи болоро ишғол менамояд. Имрӯз дар донишгоҳ ҳиссаи омӯзгорони дорои унвонҳои илмӣ зиёда аз 53 фоизро ташкил медиҳад. Дар донишгоҳ такмили иқтисодиёти муосири Тоҷикистонро самти афзалиятнок дар асоси рушди босуботи илм ва маориф ҳисобида, барои таъмини он аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда шуда, ба ҷалби ҷавонон барои ҳалли ин масоил таҳти роҳбарии олимони варзида диққати асосӣ дода мешавад.

Барои тайёр кардани олимон дар донишгоҳ ду Шурои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 - Иқтисодиёти хоҷагии халқ ва 5.2.3-Иқтисоди минтақавӣ ва соҳавӣ (иқтисодиёти соҳаи хизматрасонӣ, иқтисодиёти аҳолӣ ва иқтисодиёти меҳнат) дар назди КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА назди Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Россия ташкил карда шудааст, ки онҳо хело хуб фаъолият доранд. Инчунин, дар донишгоҳ ҳамасола аттестатсияи унвонҷуён барои гирифтани дараҷаҳои илмӣ гузаронида шуда, онҳо ба тариқи моддӣ дастгирӣ карда мешаванд ва натиҷаҳии илмии онҳо дар маҷалаю нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ чоп карда мешаванд.

Илова бар ин, дар донишгоҳ фонди махсуси ҳавасмандгардонии унвонҷуён  барои гирифтани дараҷаҳои илмӣ таъсис дода шуда, гузаштани такмили ихтисос барои олимони ҷавон дар хориҷи кишвар  амалӣ карда мешавад. Олимони ҷавони донишгоҳ дар озмуну конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок доранд ва соҳибони мукофоту ҷоизаҳо гардидаанд.

Мо ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ аз натиҷаҳои ба даст оварда пурра қонеъ набуда, кӯшиш ба ҳарҷ медиҳем, ки тавсияҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти маориф ва илм саривақтӣ арзёбӣ намуда, онро пуштибонӣ менамоем, бо истифода аз имконият ва тахассуси касбии худ дар рушди илми ватанӣ, бозори таҳсилот ва ташаккули иқтисоди инноватсионӣ, воридшавии Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонишавӣ ҳиссагузор мешавем.

Раҷабов Р.К., д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top