ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ

Бинанда: 159 | Санаи нашр: 03 Июн 2024

(дар ҳошияи мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Аз таҳлили адабиёти илмӣ мушоҳида мешавад, ки тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, раванди татбиқи онҳо дар истеҳсолоти маҳсулот, тадриҷан тақвият бахшидани тиҷорат ва дигар соҳаҳо бо максади афзоиши даромади иқтисодиёт ва некӯаҳволии аҳолӣ мебошад.

Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки мо соли 2022 Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ»-ро қабул намудем.

Инчунин ишора намуданд, ки татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Дар ҳақиқат мушоҳида мешавад, ки ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидаанд ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд. Масъалаи дигари бунёдӣ аз нигоҳи мо дар он аст, ки огоҳ набудани ихтироъкорон ва пажӯҳишгарон аз чунин қонуни ба манфиати онҳо равона гардида мебошад ва ин имкон намедиҳад, ки равобити дуруст байни шохаҳои истеҳсолӣ умуман истеҳсолот бо илм ба роҳ монда шавад.

Воқеӣ аст, ки имрӯз бояд дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза мувофиқ гардонида шавад.

Ҷанбаи дигари масоил сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

То ҳол воридоти молҳои ниёзи аввал ба кишвар зиёд буда, солона беш аз 17 миллиард сомонӣ ё 25 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад ва илми ватанӣ ба тағйир додани чунин вазъият таъсиргузор нест.

Пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъолияти инноватсионӣ метавонад дар оянда ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ кӯмак расонад ва мавқеи илми тоҷик боз ҳам баланд бардошта мешавад.

Мухторзода С.С., н.и.и., дотсент, декани факултети иқтисодиёт

ва тиҷорати ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top