МАВҚЕИ МЕҲВАРИИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 125 | Санаи нашр: 03 Июн 2024

Ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар ҷабҳаи ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар мамлакат яке аз самтҳои ҳадафноку созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омилҳои асосии рушд ва олимон хамчун захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дар ҷумҳурӣ дониста мешаванд. Иқдомҳои то имрӯз амалигардида гувоҳӣ медиҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Ногуфта намонад, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Дар мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф, ки санаи 30-юми майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони тоҷик чи дар гузашта ва чи дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуданд. Имрӯзҳо дар ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, муқаддасот ва арзишҳои миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол - бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

Ҷамила Ғафурова, мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top