МАОРИФ АСОСИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Бинанда: 84 | Санаи нашр: 03 Июн 2024

 (Андешаҳо перомуни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи басе рангину пурмазмуни таърихиро дар масири бунёди давлатдории миллии Тоҷикистон боз намуда, бо саъю кӯшишҳои пайваста дар марҳалаи созандагӣ ва навоварии мафҳумҳои Сулҳ, Истиқлол, Ваҳдат дар арсаи ҷаҳонӣ худро ҳамчун шахси арзандаи ҷаҳони муосир муаррифӣ намуда, барои сокинони мамлакат муқаддас ва басо азиз аст.

Мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо аҳли илму маорифи мамлакат саривақтӣ ва муҳим буда, инъикосгари таваҷҷуҳи хосса ба ин қишри ҷомеа аст. Воқеан, бо биниши навин таҳлилу баррасии дақиқу равшан Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли илму маориф бозгўи рушду пешрафти рӯзафзуни кишвар буда, бо такя ба пояҳои илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодабарии техникаву технологияҳои муосир асос ёфтааст. Ин чунин маъно дорад, ки ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири рушд қарор дошта, аз ҳар шаҳрванди мамлакат талаб карда мешавад, ки дорои тафаккури устувори миллӣ ва маърифати фарогири баланд бошад.

Таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба арзёбии фаъолияти илмии олимон басе мубраму муҳим буда, ифодагари онанд, ки олимони мамлакатро мебояд ба илм муносибати воқеъбинона дошта, дар роҳи илм бомасъулият бошанд. Суханони саривақтӣ ва андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат нисбати он, ки натиҷаҳои таҳқиқоти олимон бояд посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон буда, ба тарбияи кадрҳои ҷавон асос ёфта, саҳмгузори рушди илми мамлакат бошанд, басо таъсирноканд.

Дар ин ҷода, имрӯзҳо таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати  ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарогир будани ҷавонон ба илму дониш ва маърифату фарҳанги баланд ниҳоят назаррас буда, рисолати ҳар ҷавон дар дарки баланди масъулиятнокии иҷтимоиву маънавӣ, муқаддасоти миллӣ, арзишҳову манфиатҳои миллӣ, дастгирии сиёсати давлатӣ ва риояи худшиносии миллӣ буда, ақидаи устувор, андешаи солим, дониш, илм, тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҷумҳурӣ аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳонӣ бошад.

ҳамзамон, дар ин марҳала рӯй овардан ба илм, дониш ва маърифат ҷавҳари асосӣ ва созандаву ҳимоякунандаи миллату давлат буда, ба андешаи Пешвои миллат, дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд.

Бо ин мақсад, дар самти рушди илму маорифи мамлакат мо вазифадорем, ки боварии устувор ва эътимоду таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллатро бо масъулияти баланд, дастуру роҳнамои кор ва бо садоқату самимият амалӣ гардонем.

 

Нидоев Нозимҷон Фозилович, д.и.и., и.в.профессори ДДТТ

   

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top