САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК

Бинанда: 149 | Санаи нашр: 01 Июн 2024

(дар ҳошияи мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

30 майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот доир намуданд.

Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва ояндабинии он, масоили баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни ироаи баромади хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз баромади пурмӯҳтавои Сарвари давлат бармеояд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи шароит ва имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили ташкили инфрасохтори пойгоҳи илмӣ махсус сухан ронда, таъкид намуданд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои шакли нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд шудааст.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Мо итминони комил дорем, ки илми тоҷик дар оянда хело хуб рушд намуда, олимони мо саҳми арзандаи худро дар рушди иқтисоди миллӣ мегузоранд.

Алимов К.К., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top