ОЛИМОН ЧАРОҒИ МАЪРИФАТАНД

Бинанда: 134 | Санаи нашр: 01 Июн 2024

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Боиси ифтихору сарафрозист, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли зиё ҳамеша дар мадди аввал аст. Ҳар як насли ҷомеа маҳз тавассути заҳматҳои пайвастаи муаллим ё омӯзгор ба мартабае мерасад. Аҳли илм дар ихтироъ, эҷоду таҳқиқ рисолати худро самимона анҷом дода истодаанд. Пешвои муаззами миллат, марди соҳибхираду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба аҳли зиё нигоҳу назари нек ва умеду орзуҳои дурандешона доранд. Ғамхории рӯзмарраи Сарвари давлат дар он зоҳир мегардад, ки ҳамеша дар фикри навоварию ақидаҳои инноватсионӣ ва ташаббусҳои созанда, доимо дар андешаи ҷаҳонишавӣ ва ҳалли масоили сиёсиву иқтисодӣ буда, иҷрои ин ҳадафҳоро рисолати худ ва аҳли зиёи кишвар медонад.

Ӯ ҳамеша аз ватандориву садоқатмандӣ, ифтихору шукргузорӣ аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони биҳиштосо менамояд, ки барои ҳар як шаҳрванд мояи ифтихормандист. Аз вохӯрии дирӯза як чанд бардоштро метавон зикр намуд, ки аз сиёсати илму маорифпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад:

 - илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд;

 - дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад;

 - олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд;

 - олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд;

 - идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд;

 - саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад;

 - имрӯз вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд.

Бо боварии том метавон ибрози андеша кард, ки мо аҳли зиё дар партави сиёсати сулҳдӯстонаву маорифпарварона метавонем дар фатҳи қуллаҳои илм, дар татбиқи ҳадафу стратегияҳои миллӣ, дар пойдории сулҳу суботи доимӣ, дар роҳи хештаншиносӣ, дар самти таълиму тадрис, дар тарбияи насли ояндасозу некхоҳ беш аз пеш ҳиссагузор бошем.

Гулнора Ҳисориева - муовини ректор оид ба тарбияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top