ОЛИМОНИ АСИЛ - НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Бинанда: 290 | Санаи нашр: 01 Июн 2024

Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,

З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст

Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,

Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Боқӣ Раҳимзода

 

Оре, ҳақ ба ҷониби шоири маҳбуби миллат аст. Аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ саодатмандиву сарбаландии худро аз заҳмату меҳнати бебаҳои муаллим медонанд. Таърихи башарӣ гувоҳӣ медиҳад, ки инсоният роҳи рост, покиву покизакорӣ, некбиниву некхоҳӣ, эҷоду ситоиш, меҳру самимият, иззату эҳтиром, маърифату маъруфият ва фазилату зебоипарастиро аз домани устод гирифтаву соҳибэҳтиром гардидааст. Тамоми қишри ҷомеа ба олимону ихтиръкорон, равшанфикрону аҳли эҷод, хосиятан ба муаллими асил то ҳаёт ҳаст эҳтиёҷ хоҳанд дошт.

Баланд аст аз фалак шони муаллим,

Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.

Набошад неъмате дар ҳар ду олам

Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Муаллим, то даме, ки зиндааст, мехонад: Ҳамин ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад (К. Д. Ушинский).

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат рисолати худро дар татбиқи стратегияву барномаҳои миллӣ бо истифодаи қувваю ақлу заковати аҳли зиё ҳамрадиф медонанд. Дар воқеъ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ натиҷаҳои назаррас маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат ба даст оварда шудааст. Ҳамин аст, ки бо такия ба аҳли зиёи кишвар ояндаи Тоҷикистони маҳбубро дурахшон мепиндоранд ва ба ин мо боварии том дорем.

Сарвари давлат аз аҳли зиё савол доранд, ки чӣ бояд кард то илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд. Танҳо такия ба илму маориф, таълиму омӯзиш, заҳмату меҳнати босаброна ва эътиқоди ҷиддӣ ин масоилро метавон ҳаллу фасл кард.

Ҷаҳони имрӯза зери ибораву ифодаҳои навин ба монанди «ҷаҳони рақамӣ», «ҷомеаи иттилоотӣ», «фазои иттилоотӣ», «ҷомеаи донишбунёд», «ҷомеаи баъдисаноатӣ», «ҷомеаи технологиябунёд», «ҷомеаи маҷозӣ», «олами маҷозӣ», «иқтисодиёти сабз», «иқтисодиёти шабакавӣ», «иқтисодиёти интернетӣ», «иқтисодиёти иттилоотӣ», «инсони иқтисодӣ», «инсони рақамӣ», «иқтисодиёти инноватсионӣ», «иқтисодиёти нав» ва ғайраҳо рушду нумӯъ дорад, ки татбиқи ин навгониҳо аз сармояи инсонӣ, қобилияти эҷодиву моликияти зеҳнӣ ва салоҳияти ихтироъкории олимону донишмандони асил вобастагии зиёд дорад. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.

Таҳлили дастовардҳои соҳибистиқлолӣ:

  • дар ин давра сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд;
  • дар давраи соҳибистиқлолӣ дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расид;
  • шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафари соли 1991 ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 ба 10,3 миллион нафар расид, яъне қариб ду баробар афзоиш ёфт;
  • соли 1991 дар кишвар 53 меҳмонхона фаъолият дошт ва ҳоло ин рақам ба 227 расидааст ё 4,2 баробар зиёд гардидааст;
  • ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд шудааст;
  • то замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст;
  • олимони кишвар дар таҳияи ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки олимони асил воқеан наҷотбахши миллат мебошанд. Тасаввур намоед, ки дар ҷумҳурӣ қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд. Яъне, дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд.

Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,

Набошад нури чашмони муаллим.

Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб

Магар рӯйида бе дони муаллим?

Бидон парвозгоҳи миллати мо

Бувад дар рӯйи дастони муаллим.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд.

Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

Дар баробари ин, зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ талаб менамояд.

Мушкилоти ҳалталаби соҳаи маориф чунин зикр гардид:

- талаботи имрӯзаи соҳаи маориф ва сарбории вазнини таълимии омӯзгорон имкон намедиҳад, ки онҳо ба фаъолияти самараноки илмӣ машғул шаванд;

- сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд

Ба андешаи Сарвари давлат вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд.

 

Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,

Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,

Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,

Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

 

Абдурашид Мирзоалиев, н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент

ва маркетинги ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top