Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ

Бинанда: 213 | Санаи нашр: 24 Май 2024

“Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар

давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад”

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист,

Ҳар ҷо, ки по гузорам, он ҷо пур аз ҷавонист.

Имрӯз гар ҷавонам дар орзуи фардо,

Имрӯзи ман ба номи фардо пур аз ҷавонист.

 

Оре ҳақ ба ҷониби устоди зиндаёд Лоиқи ширинсухан! Аҷаб дунёст, дунёи ҷавонӣ. Оре давраи ҷавонӣ даврони шӯрангези зиндагӣ ва мазҳари нишоту созандагист. Ҷавонӣ лаҳзаи зеботарин ҳаёти инсонист, ки ҳар яки мо бояд онро ғанимат бишморем. Афсӯс даврони ҷавонӣ абадӣ нест, як даврест, ки зуд мегузарад. Шояд аз он сабабе, ки маҳз дар ин давраи зиндагӣ инсон ошиқ мешавад, марҳилаи нави зиндагӣ оғоз меёбад, инсон фикр менамояд, ки ин зебоиҳо ҷовидонаанд. Аммо афсус..! Ҳама чиз мегузарад. Ҳеҷ чиз дар ҳаёт доимӣ нест, аз ҷумла ҷавонӣ ҳам. Аз ин лиҳоз, ин зеботарин давраи ҳаётро биёед ғанимат шуморида, кӯшиш намоем, ки самарабахш бошад.

Воқен ҳам дуруст аст, баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷавонони кишвар марҳилаи нав оғоз гардид, ки пур аз фараҳу шодӣ ва навгониҳост. Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдкору созанда муаррифкунандаи миллату кишваранд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои дунѐ аз лиҳози синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба ҳисоб меравад. Ин қишри ҷомеа дорои имкониятҳои бузурги зеҳниву ҷисмонӣ буда, соҳиби нерӯи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии  худ ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз менамоянд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Имрӯз давлату миллат ба ҷавонони соҳибмаърифат ва худогоҳ такя менамояд, зеро ояндаи Тоҷикистони азизро маҳз онҳо пешбарӣ менамоянд. Сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат шаҳодати он аст, ки соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки ин дар таърихи навини миллати тоҷик як таҳаввуллоти ҷиддиро дар сиёсати ҷавонон ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, дар қонунгузории давлат як зумра ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки сиёсати ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул гардиданд, ки татбиқи амалии онҳо ба рушди ҷомеа мусоидат менамоянд.

Дар пешрафту нумӯи ҳар як давлату миллат, нерӯи зеҳнию ақлӣ - ҷавонон нақши босазо доранд. Асоси пешбарандаи ҳар як ҷомеа низ ҷавонони бо истеъдоду барнодилаш мебошанд. “Агар шахсе, ки дар сар хаёли ватан ва дар дил меҳри ватанро надошта бошад ӯ соҳибватан буда наметавонад.” Ҷавонони даврони истиклол амалеро сармашқи кори худ қарор диҳанд, ки барои пешрафту нумӯи Тоҷикистони азиз муфид ва зарур бошад.

Хушбахтона, имрӯзҳо ҳамаи кӯшишу талошҳои шабонарӯзии роҳбари оқилу дурандеши мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он равона карда шудааст, ки мо ҷавонон дар сатҳи баланди худогоҳӣ, хештаншиносӣ, салоҳиятнокӣ ва меҳанпарастӣ тарбият ёбем. Ба ҳамин хотир шоири бузургвор мефармояд:

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз!

Зи мардони ҷахон мардӣ биомӯз.

Забон аз таъни бадгӯён нигаҳ дор,

Дарун аз кини кинҷӯён нигоҳ дор.

Аз ҳама даврони зебоии умри инсон, даврони ҷавониаш ба шумор меравад, вале мутаассифона хело зуд мегузарад. Ҳар он нафаре, ки дар ин айём кору амали некеро ба анҷом расонида бошад, пас ӯ хушбахттарин инсони рӯи олам аст. Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик таъкид кардааст:

Ҷавонӣ меравад аз ман, ҷавонӣ меравад охир,

Нахоҳам рафтанашро, лек аз ман меравад, ором,

Дурахши чеҳраву мӯи сияҳ, чашмони бодомӣ,

Ҳама хоҳанд шуд радду бадал монанди рӯзу шом.

Мо ҷавонон бояд ин ду неъмати бебаҳо - Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, зеро онҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Асрҳо аҷдодони миллати тоҷик орзу мекарданд, ки ба ин рӯзҳо расанд ва ин ду неъмати бебаҳоро ба ҷон харидаанд, то ки насли ояндасоз дар як давлати озоду осоишта умр ба сар баранд. Пас биёед ҷавонони азиз нигоҳдорандаи ин фарҳангу ин миллат бошем!

Сабрина Ясакиева, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top