ВАТАН ГУФТАН КАМ АСТ, ЭЙ ҶОН, ВАТАН БОШ! (бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ)

Бинанда: 469 | Санаи нашр: 22 Феврал 2024

Дар олами ҳастӣ миллату халқиятҳои бо нангу номус, худшиносу тақдирсоз қодиранд, ки барои рушду нумӯи худ дар арсаи ҷаҳонии тамаддун ва тараққиёт пешрафт дошта бошанд. Халқҳои ҷаҳон чӣ тавр барои ба даст овардани ваҳдату ягонагӣ, истиқлолият ва пойдории он қаҳрамонию ҷонбозиҳои бузургу бешумор кардаанд. Аммо таърих, ки онро қаҳрамони Ватану миллати тоҷик, шахсияти бениҳоят хирадманду оқил, фарҳангофар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯсти ҳақиқатбаён номидааст, гувоҳ аст, ки на ҳама миллат ва халқиятҳо аз шаҳди мубориза комрон гардидаанд, балки аз саҳифаҳои таърих ноаёну нопадид шудаанд. Бинобар ин, ҳар як фарди имрӯзаро мебояд, ки худро нисбати Ваҳдат ва истиқлолияти ватани маҳбуби хеш масъул ва вазифадор шуморида, онҳоро чун ҷон дар вуҷуду амали худ устувор нигоҳ дорад.

Дар ин хусус шеъри “ Ватан дар ҷон” - и шоири маҳбуб, ватандӯст ва соҳибзавқи тоҷик Камол Насрулло ба маврид аст, ки он дар мавзӯи ватандӯстиву муҳаббати баланди инсон ва содиқ мондани ӯ ба Ватани хеш мебошад, бисёр ҷолибу таъсирбахш офарида шудааст:

Ватан - ҷоне, ки дар ҷони ману туст,

Ватан - ноне, ки дар хони ману туст.

Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!

Ватан дар шонаву шони ману туст.

Вожаҳои Ватан ва Модар чӣ қадар зебоянд, ки дар худ маънои бузургро ҷой додаанд. Ватан - Модар ин ду мафҳуми аз ҳам ҷудонашавандаанд. Оре, барои фарзандон Ватан - модар гаҳвораи умедҳои ҷовидонист. Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Офаридгор барои мо ато намудааст. Модар фариштаи меҳру муҳаббат аст, ки ба инсон ҳаёт мебахшад. Барои рушду нумуъ ва пешрафти ҷомеаи солим модари мушфиқу ғамхор кӯшиш мекунад, ки фарзандони солимро ба воя расонад.

Дар ҳақиқат, барои ҳар як фарди ватандӯст Ватан мисли Модар бениҳоят азизу муқаддас мебошад. Кас ҳангоми бо ҳисси саршор аз меҳру муҳаббат ба забон овардани вожаи Ватан аввалан симои зебои модари мушфиқ, меҳрубону ғамхор, ки меҳнату заҳмати ӯро баҳри тарбияи фарзандон ченаке нест ва сонӣ маконе, ки он ҷо таваллуд шудаасту дар ҳавои он нафас гирифта, ба воя расидааст ба хотираш меояд. Ҳар як инсони худшиносу масъулиятшинос ифтихор мекунад, ки ӯ Ватани ободу зебо ва беназир дорад.

Оре, домони Ватан чун домони хушбӯю гарм ва фараҳафзои модар фарзандонашро ҳамеша дар оғӯши хеш ҷой медиҳад. Фарди бонангу номус ин ду мафҳумро то абад азиз ва муқаддас дониста, хизмат ба халқ, ҳимояи марзу буми хешро шараф ва қарзи виҷдон меҳисобад.

Артиши миллӣ яке аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият маҳсуб меёбад, ки давраи таъсисёбии он ба марҳилаи ниҳоят вазнину мураккаби давлатдории навини Тоҷикистони азиз рост меояд. Артиши миллӣ он даврае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон дар ҷодаи бунёд намудани аркони давлатдории мустақил, яъне соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, ягона ва дунявӣ қадамҳои нахустини худро мегузошт, ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ таъсис дода шуд. Бо вуҷуди ин қадар мамониятҳо, мушкилотҳои сахту сангин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикор ва заҳматҳои ҳамарӯзаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони бонангу номуси миллат тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмин намудани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохтанд.

Бинобар ин, Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро маҳз зодаи Иҷлосияи тақдирсоз, Иҷлосияи XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидаанд, ки ин бесабаб нест ва он ба санаи 23 – уми феврали соли 1993 рост меояд. Нахустин намоиши Артиши ҷавони Тоҷикистон низ дар ин санаи мубораку фархунда барпо гардид, ки аз он рӯз сию як сол сипарӣ шуд. Пояҳои мудофиавии давлати соҳибистиқлоли тоҷик он гоҳ мустаҳкам гардиданд, ки дастгоҳи марказии Вазорати Мудофиа ва сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки Артиши миллӣ ҳамчун як падидаи нав, чун навраси ояндадор зина ба зина неруи тоза гирифта, пайваста рушду камол ёфта, мунтазам пурқувват гардид ва он имрӯз тайёр аст, ки ҳар гуна имтиҳон ва озмоишҳоро паси сар намояд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба неруҳои ҳарбии мамлакатҳои ҳамсоя таҷрибаи калони ҷангиро соҳиб гардид. Зеро он дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ, солҳои 1992 - 1997-и ҷанги шаҳрвандӣ, қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро кард.

Бешак, Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва мактаби далерию қаҳрамонист. Афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити бениҳоят нангин, сангин ва вазнини ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон, ки он дар таърихи халқи тоҷик “ҷанги бародаркуш” ё “ҷанги худкушӣ” ном гирифтааст, ба савганди ҳарбии хеш содиқ монда, баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, қатъиян манъ кардани ҷангу хунрезиҳо дар кишвари маҳбуб, аз парокандагию нестшавӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, барои ба истиқрори сулҳу оромӣ расидан, дар ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаву саодатманди мардуми Тоҷикистон саҳми бузург гузоштанд. Сарбозони далеру шуҷоъ ва ҳомиёни Ватани соҳибистиқлоли тоҷик баҳри сулҳу ваҳдат, шукуфоӣ ва ягонагӣ сарсупорӣ ва ҷонфидоӣ намуда, ба халқи шарифи тоҷик озодӣ ва ҳаёт бахшиданд.

Ҳазорон нафар афсарони шуҷоъ ва сарбозони далер, ҳомиёни Ватан - фарзандони содиқу сарсупурда ҷони худро дар ин мубориза баҳри ҳаёти музаффари ояндагон нисор карданд, ки хотираи неки онҳо ҷовидона дар қалби мардум зинда хоҳад монд. Чунонки шоир гуфтааст:

Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К - аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

Умуман, дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои ҳарбӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қушунҳои зудамал таъсис дода шуданд. Дар баробари ин дигар навъҳои қушун ба монанди Қушунҳои сарҳадӣ, Қушунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва як қатор сохторҳои низомӣ ба таъсис шуруъ гардиданд, ки дар паради ҳарбӣ имрӯз саф кашидани онҳо боиси хушнудию сарбаландӣ, хуррамию осудагӣ ва ифтихори ҳар як фарди масъулиятшинос, худогоҳу худшиноси мамлакат мебошад.

Ҳифзи Ватан уҳдадориест, ки онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 - юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад ва тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузурги ҳар як фарзанди бонангу номуси мамлакат аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ дониста, чунин иброз намудааст: “Муносибат ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.

Ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистон тайи 31 соли сипаришуда тавонистаанд, ки аз ин мактаби бузурги ҳаёт, мактаби шуҷоат ва далерӣ сабақи мардонагӣ омӯхта, баҳраманд гардида, қарзи фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намоянд.

Оре, ҳар фарде, ки ифтихори ватандорӣ дорад, ҳифзу ҳимояи Ватан ва марзу буми он вазифа ва қарзи аввалиндараҷаи ӯ дар назди виҷдони худ мебошад, ки дар ин хусус шоир чунин фармудааст:

Эй баномус, ватандор Ватанро мафурӯш,

Ватан бар ивази ҷон бихар, имон мафурӯш.

Воқеан, Артиши миллӣ борҳо собит сохт, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад.

Суханони пурмазмуни марди тамаддунофар, Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбат ба муҳимияти Артиши миллӣ чунин иброз гардид: “Артиши миллӣ такягоҳи давлат ва сипари мамлакат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзи он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллӣ ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра қодир аст” руҳия ва ҳисси истиқлолият, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро пурра фарогир аст.

Ҳифзи Ватан нишони ҷавонмардист. Аҷдодони гузаштаи мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ намуда, барои озодӣ ва ҳифзи истиќлолияти давлатии хеш ҷони худро дареғ надоштаанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҷаҳон давлати бе лашкари тавонову разманда пурқувват нахоҳад гашт. Бинобар ин, шоҳаншоҳон ва давлатдорон баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳои худ саъю кӯшиш менамуданд, ки ҷузъу томҳои лашкар ё қушунро созмон диҳанд. Сарчашмаҳои таърихӣ низ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишиён, Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои лашкари ҷасуру тавоно буданд. Ҳатто Искандари Мақдунӣ лашкари соҳибзафару бонизоми худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари қавии аҷдодони қадимтарини мо - Куруши Бузург ва Дорои I бунёд гузоштааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ниёгони меҳандӯсту сарбаланди тоҷик дар ҳама зинаҳои таърих ба монанди Шерак, Фрада, Томирис, Сатирбазан, Спитаман, Ғурак, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Мунтасир, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Мавлонзода, Восеъ ва дигарон, ки баҳри озодию истиқлолият ва мустақилияти хеш зери диравш - Парчами ваҳдату ягонагӣ сарҷамъ омада буданд, артишҳои халқӣ созмон ва мураттаб намуда, алайҳи қувваҳои таҷовузкор то тавонистанд истодагарӣ кардаанд.

Сулолаи Сомониён, дар оғози ба сари қудрат омадани нахустин давлати миллии тоҷикон - Сомониён Артиши миллии худро бо дастуру оинномаҳои қавӣ созмон доданд. Аз ҷониби сипарсолор, шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки дар таърихи халқи тоҷик чун амир, шоҳаншоҳи одил, шоистаю фозил, хирадманду сазовор, хайрхоҳу раъиятпарвар, ҷасуру тавоно ва соҳибтадбир дониста шудааст, лашкари дар пояи низому тартиботи қавӣ, ахлоқи ҳамида ва оини ҷавонмардӣ созмон ёфт.

Воқеан, корномаи Исмоили Сомонӣ шуҳрат ва намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад, Ӯ барои мардуми Бухоро девори шарафу ифтихор, нангу номус, худшиносӣ, эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳувият, ҳама суннатҳо ва муқаддасоти миллати тоҷик буд:

Мо аскари сомонем,

Шерони Хуросонем.

Ин хоки ниёгонро

Пайваста нигаҳ дорем.

Номҳои бисёр паҳлавонон, ба монанди Рустами таҳамтан, Суҳроб, Сиёвуш, Гурдофарид ва дигар гурдони ҷасуру диловар, ки марзу бум ва ҳама муқаддасоти сарзамини бостонии моро аз ҳуҷумҳо ва таҷовузи аҷнабиён ҳифзу дифоъ кардаанд, ҳусни таърихи пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд.

Аслан вожаи “гурд” ва “сипаҳсолор” дар адабиёти бой ва оламгири мо, бахусус дар шоҳасари безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба маънои қаҳрамон, халқпарвар, инсондӯст, паҳлавон, далер, баҳодур, шуҷоъ, боақлу хирад, инсондӯст, ватанпарвар ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Шоирони классики мо дар ҳамосаҳои худ, ки аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсурпурдагии сарлашкарон, сарбозону аскарон нисбат ба халқу Ватан қисса намудаанд, бештар ибораҳои “сипаҳбад”, “сипоҳ”, “сипоҳбед”, “сипарсолор”, “исфаҳсолор”, “исфаҳсалор”, “гурдони сафшикан”, “гурдони шерафкан”, “гурдони номовар”, “гурдони пилтан”, “гурдони шерҷигар” ва амсоли ин чун шерозаи ҳусни баён ҷой додаанд.

Ҳамасола, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҳомиёни Ватан, мардони далеру шуҷоъ, ҷанговарони башардӯст, иштирокчиёни воқеаҳои Афғонистон, ки ҳамчун ифодагари истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ, мардонагию матонат, иродаи қавию мустаҳками халқ, ватандӯстию ватандории фарзандони бонангу номус маҳсуб меёбад, 23 - феврал дар саросари кишварамон бо ифтихор ва эҳсоси баланди миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Оре, ин рӯзи муборак, рӯзи мардоне, ки боиси пойдории давлат, сутуни хонадон ва устувории оилаҳо, рӯзи сарбозони шуҷоъ ва ҳомиёни содиқи Ватан аст. Мардум ҳамеша дар симои хизматчиёни ҳарбӣ фарзандони некуном, нотарсу далер, матиниродаю баномусро мебинад, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ содиқу вафодор мемонанд.

Имрӯз боиси ифтихори мост, ки ҷавонони саодатманду хушиқбол бо ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва нангу номуси миллӣ худро пайравони асили Пешвои муаззами милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобида, амалҳои ҷавонмардонаи ӯро ҳамчун мактаби сулҳпарварона сармашқ ва дастури фаъолияти худ интихоб намуда, китф бар китфи ҳам ниҳода, баҳри нигаҳдошт ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҷони худро дареғ надошта, сарбаландона хизмати Ватан - Модарро шуҷоатмандона ва мардонавор дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намуда истодаанд.

Бигузор, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ин мисраи шеърро, ки аз Суруди миллӣ, ки ба қалами шоири зиндаёд Гулназар Келдӣ дахл дорад, дар зиндагӣ шиори худ созад:

“Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!”

Мардуми шарифи Тоҷикистон итминони комил доранд, ки бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати насли калонсол ва бо интизоми қатъии ҳарбӣ сарбозон ва афсарони қавииродаи Ватан барои ҳимояи истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баҳри баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша омода ва ҳушёр бошанд.

Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди давлат ва ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Бигзор сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки ватанамон устувор ва ҷовидон боқӣ монад.

Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top