БАҲРИ АРАЛ ВА ПРОБЛЕМАҲОИ ЭКОЛОГИИ ОН

Бинанда: 396 | Санаи нашр: 13 Феврал 2024

«Ҳама гуна муносибати инсон ба табиат, ки боиси харобшавии он мешавад, рӯзе фаро хоҳад расид, ки табиат аз инсон қасос меситонад».

Ф. Энгелс

Арал яке аз баҳрҳои бузургтарини ҷаҳон маҳсуб ёфта, масоҳати он аз баҳри Азов ду баробар калон буд ва дар ҳудуди он Белгия ва Ҳоланд ҷой мегирифтанд. Арал миёни бузургтарин кӯлҳои ҷаҳон пас аз кӯли Хазар, Гурон (дар Америкаи Шимолӣ) ва Виктория (дар Африқои Шарқӣ) ҷои чорумро ишѓол мекард.

Дар давоми солҳои 30 - 60-уми асри ХХ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ якчанд канали хурду бузург паи ҳам ба истифода дода шуданд, ки обҳои дарёҳоро ба даштҳои ташналаб ҷорӣ мекарданд. Он вақт ба кор андохтани ҳар канали нав, аз худ кардани ҳар гектар замини нокорам фатҳу зафари навбатӣ ҳисоб мешуд. Натиҷа ин шуд, ки ҳазорҳо гектар замини пахта, маҳаллаҳои нави аҳолинишин бунёд шуд ва оҳиста-оҳиста проблемаи хушкшавии баҳри Арал ба миён омад.

Иттифоқи байналмилалии Ҳифзи табиат чор нишондиҳандаи истеъмоли захираҳои табии сайёраро зикр кард: оби нушокӣ, моҳӣ, ҷангал ва қабати озонӣ. Агар аз рӯи нишондиҳандаҳои комплексии харобсозии иқтидори табиат ба ҳар сари аҳолӣ, Норвегия ҷои охирро соҳиб шуда бошад, дар истифодаи захираҳои об кишварҳои Осиёи марказӣ ҳамин гуна «мақом»-ро соҳиб гаштаанд.

Сабаби асосии буҳрони Арал сиёсати нодурусти истифодаи сарватҳои табиӣ, пеш аз ҳама об, намунаи баръалои бологузории манфиатҳои инсон аз болои табиат буд. Буҳрони Арал фалокати экологии мислаш диданашуда гардид. Дар пеши чашми инсоният баҳре аз байн рафта истодааст, ки мисли нигине миёни сарзамини хушку ташналаб медурахшид ва вазъи экологии минтақаро муътадил нигоҳ медошт.

Дар ибтидои солҳои 60-ум мушоҳида гардид, ки сатҳи оби баҳр муттасил кам шуда истодааст. Ҳамин тариқ, фоҷиаи Арал, ки чун бузургтарин фалокати аср эътироф гардидааст, оғоз ёфт.

То фалокати баҳр дар наздикиҳои Арал на фақат шаҳрҳои куҳан васеъ мешуданд, балки маҳаллаҳои нав бунёд мегардиданд. Нақшаҳои кушодани осоишгоҳи байналхалқӣ дар соҳили Арал солҳо идома дошт, зеро ҳам иқлими мусоид ва ҳам давраи оббозӣ аз моҳи апрел то ноябр барои чунин муассисаи истироҳатию табобатӣ хеле мувофиқ буд. Вале, фоҷиа ҳамаи инро аз байн бурд, ҳоло атрофи Арал бе одам, холӣ, ҳавои он хушк гардида, давраи яхбандӣ 20 рӯз дароз шуд. Баҳр аз бандарҳои собиқи худ дар масофаи 60 - 70 км дур рафта, даҳҳо киштиҳои гуногуни моҳигирӣ, заврақҳои зангзада болои рег, гуё дар мотами ҷавлонгоҳи худ абадӣ лангар партофтаанд. Дар шаҳраки моҳигирии Учсой 10000 аҳолӣ зист доштанд, охири солҳои 80-ум ҳамагӣ ҳазор кас боқӣ монду халос. Имрӯз маҳол аст, ки касе онҷо монда бошад. Аралск шаҳре, ки он ҷо бандари киштиҳо буд, корхонаҳо кор мекарданд, пешомадҳои калон дошт. Фоҷиаи Арал ба зиёд шудани сафи бекорон, биноҳои деворҳояшон намакхӯрда, кӯчаҳои ифлосу камодам, дарахтони хушкшудаистода оварда расонд, бандари шаҳр бошад пур аз киштиҳои бекорхобидаву зангзада мебошад Ҳанӯз охири солҳои 80-ум шаҳрҳои Аралск, Муйноқ, Казалинск, шаҳраки Учсой ба нимвайронаҳо табдил ёфта, чандин маҳаллаҳои моҳигирону чӯпонон ба куллӣ хароб гардиданд.

Бо суръат камшавии оби баҳр ва бадшавии сифати он ба оқибатҳои фалокатбор оварда расонд, деградатсияи хок ва растанӣ, нобудшавии олами ҳайвоноту наботот, камшавии парвариши баъзе ҳайвонҳои муина, аз қабили саги обӣ, моҳидориву саноати коркарди моҳӣ, иртиботи нақлиёти обӣ, паст шудани ҳосилнокии заминҳои обёришаванда, чорводорӣ ба назар мерасад.

Харобшавии Арал ба ҳаёт ва шароити зиндагии зиёда аз панҷ миллион нафар аҳолии минтақа таъсири манфӣ расонид. Бекорӣ, паст шудани сатҳи даромад, авҷ гирифтани ҳаргуна бемориҳои роҳи нафас, саратони хун, гурда, меъда, камхунӣ, бемориҳои гузаранда, бактериологиву кам шудани давомнокии умри инсон ин аст баъзе оқибатҳое, ки буҳрони экологии баҳри Арал ба миён овард.

Оқибатҳои буҳрони Аралро барои минтақа мутахассисони СММ чун фоҷиаи глобалии экологии асри ХХ маънидод карданд. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки баъзе аҳолии назди Арал ба касалии вайроншавии масолеҳи ирсӣ (мутатсия) гирифтор аст ва ин боиси пастравии давомнокии умр, носолимии ҷинсӣ ва оқибат камшавии генофонд мегардад.

Миқдори намак дар заминҳои назди соҳилӣ хеле зиёд шуда, консентратсияи он имрӯз аз 35% боло рафтааст, ки дар қиёс дар аввалҳои солҳои 60-уми асри гузашта се баробар зиёд аст. Масоҳати сатҳи болоии баҳр, ки аввали солҳои 60-ум аз 60 ҳаз. зиёд буд, ҳоло ба 28 ҳаз.  расидааст ва ин раванд идома дорад. Бар ивази он масоҳати биёбони пурнамак сол то сол васеъ шуда истодааст.

Мувофиқи баҳои мутахассисон бар асари буҳрони экологии Арал доираи то 10 км атрофи бахр ба ҳар гектар 2-3 тонна намак ва дар доираи 100 - 300 км беш аз як тонна намак мерезад. Чунин паҳншавии намак дар минтақа таъсири манфии худро расонида, ба харобшавии экологияи минтақа оварда мерасонад.

Бо он суръате, ки сатҳи оби Арал паст мешавад, 0,5 метр дар як сол имконияти пайдоиши ҷазираҳо дар оѓуши ин баҳр зиёд шуда истодааст ва дар оянда Арал ҳамчун баҳр аз байн рафтанаш мумкин аст.

Таваҷҷуҳи инсоният ба фалокати Арал ва талоши аксари созмонҳои байналмилаливу минтақавие, ки дар ин кори хайр саҳм гузоштаанд, пешгирии хушкшавии баҳри Арал мебошад. Сокинони минтақаро зарур аст, ки муносибати худро бо муҳити зист, дар асоси талаботҳои табиат ба роҳ монда, муносибаташонро нисбати истифодаи об, сарфаи ин неъмати Худодод, истифодаи захираҳои табиӣ хубтару беҳтар намоянд.

Бо назардошти проблемаҳои обии сайёра Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015-ум дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об пешниҳод гардида буд.

Президенти муҳтарами кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, нерӯи тоза бахшидан ба равандҳои ҷаҳонии соҳаи об, муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об, эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори “Об барои рушди устувор”-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форуми бонуфуз ҳамаҷониба пазируфта шуда, ба Маҷмааи Умумии СММ манзур карда шуд. Ва бо заҳмату талош ва машваратҳои пайваста бо намояндагони кишварҳои узви СММ қатъномаи мазкур қабул карда шуд, ки ин аз сиёсати муваффақи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Барои Тоҷикистон соҳаи захираҳои об яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии он нақши муҳим мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои об бойтарин кишвар аст. Бо вуҷуди ин, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун самти афзалтарини соҳаи оби кишвар боқӣ мемонад ва сарфи назар аз дастовардҳои назарраси даҳсолаи охир, дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари таъминот бо об корҳо идома доранд. Ҳукумати кишвар барои ҳал намудани мушкилоти мазкур кӯшиш ба харҷ дода, дар ин раванд чандин стратегия, барнома ва нақшаҳои рушд қабул ва лоиҳаҳои зиёд мавриди амал қарор гирифтаанд.

Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” бояд василаи муҳими мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об гардад. Итминон дорем, ки Даҳсолаи нав дастовардҳои Даҳсолаи қаблии “Об барои ҳаёт”-ро таҳким бахшида, ҷиҳати муттамарказ гардидани саъю талоши мо оид ба ҳаллу фасли минбаъдаи масъалаҳои об дар давраҳои баъдӣ ва пешгирии фалокати Арал заминаи хубе фароҳам месозад.

 

Ҳикматов С.И., н.и.и., дотсент, Ғаюрова Р.С., муаллими калони ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top