ТАБИАТИ ЗЕБОВУ НОТАКРОР

Бинанда: 320 | Санаи нашр: 12 Феврал 2024

Яшилкӯл яке аз кӯлҳои зеботарин ва нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо ба ҳисоб рафта, дар қисми ҷанубу ғарбии ноҳияи Мурғоби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар сарҳади шарқии ноҳияи Шуғнон ҷойгир мебошад.

Яшилкӯл барҳақ яке аз зеботарин кӯлҳои Помир буда, аз сатҳи баҳр дар баландии 3734 метр воқеъ гашта, аз ҷиҳати бузургии сатҳӣ, пас аз Қарокӯл, Сарез ва Зоркӯлдар дар ҷои чорум меистад ва 35,6 километри мураббаъ масоҳатро фаро гирифтааст. Ин кӯл 24,6 километр дарозӣ, 4,5 километр паҳнӣ ва ба ҳисоби миёна 12,6 метр умқ дорад. Умқи максималии кӯл дар наздикии сарбанди табиӣ воқеъ гашта, ба самти шарқ, яъне резишгоҳи дарёи Аличур тадриҷан тунукоб шуда, ниҳоят ба ҳамвории резишгоҳи дарёи номбурда бадал мешавад.

Яшилкӯл аз калимаи туркӣ гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои «кӯли сабз»-ро дорад, зеро ранги оби кӯл сабзи кабудтоб мебошад.

Яшилкӯл дар водии дарёи Аличур дар байни силсилакӯҳҳои Бозордара, Аличури Шимолӣ (қуллаи Патхар 6080 метр) ва Аличури Ҷанубӣ (қуллаи Вахчигир 5806 метр) воқеъ гаштааст. Мувофиқи андешаи баъзе муҳаққиқон, дар замони яхбандии бузург асоси сарбанди кӯлро таҳшинҳои пиряхҳо оварда (моренаҳо) гузоштаанд. Баъдан дар натиҷаи аз самти чап фурӯ афтидани поракӯҳ ва баста шудани маҷрои Аличур пайдо шудааст. Сарбанди Яшилкӯл беш аз 100 метр баландӣ ва 4 километр дарозӣ дорад. Шояд дар аввалҳо оби кӯл ба монанди Сарези имрӯза аз танаи сарбанд заҳида мебаромад, вале сонитар холигоҳҳои байни ҷинсҳои кӯҳӣ бо лойқа маҳкам шуда, оби кӯл тадриҷан баланд хеста ва ниҳоят аз қисми пасттарини болои банд, ки дар самти ҷанубӣ воқеъ гашта буд, ба худ роҳ ёфта берун рафт, оби кӯл равон шуд ва ба пайдоиши сарчашмаи дарёи Ғунд асос гузошт. Ҳоло дарёи Ғунд аз якчанд шаршараю остонаҳо ва кӯлчаҳо гузашта, ба маҷрои аслии худ ҷорӣ мешавад.

Таркиби кимёвии оби Яшилкӯл аз гидрокарбонати калсий иборат мебошад. Миқдори оксигени об дар фасли тобистон аз 5,5 то ба 9,5 мг/л меафзояд, вале аз сатҳ ба умқ коҳиш меёбад, зеро дар сатҳ фитопланктонҳо ва обсабзҳо боиси ғанӣ гардидани оксиген мегарданд. Мувофиқи маълумоти Д.Н. Почоҷонов ва дигарон (соли 1999), маъданнокии об дар моҳи март 341-434 мг/л, дар моҳи май-август 147-153 мг/л-ро ташкил медиҳад.

Ба андешаи мо, сабаби ин ҳолат дар он аст, ки дар фасли зимистон ва баҳор кӯл асосан аз обҳои зеризаминии сермаъдан ғизо мегирад, тобистон бошад, ба кӯл оби зиёди барфу пиряхҳои каммаъдан дохил шуда, консентратсияи оби кӯлро паст мекунад, ки он ба 7,0-8,0 мерасад, яъне ишқор паст (ширин) мебошад. Дар об моддаҳои органикӣ каманд.

Мувофиқи таҳқиқотҳои моҳишинос Г.Б. Сокуров, барои моҳипарварӣ қисми шарқии Яшилкӯл шароити хубтар дорад, зеро ин қисм аз оксиген ғанӣ, ҳарорати об нисбат ба қисми ғарбӣ баландтар ва набототи обӣ бештар месабзад, соле аз ин кӯл то 400 сентнер моҳӣ шикор кардан мумкин аст.

Яшилкӯлро чун обанбор барои сохтани НБО низ истифода бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар ҳолати сохтани обанбор ва НБО ҳаҷми оби манфиатбахш 0,145 к , тавоноии он ба 15 ҳазор кВт/соат мерасад, ва метавонад 0,082 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намояд.

Яшилкӯл воқеан яке аз кӯлҳои зеботарин ва нотакрори Помир ба ҳисоб меравад. Ранги кабуди сабзтоб, мавҷҳои калони обӣ, харсангҳои хурду калони атроф, соҳилҳои гуногунранги регӣ, порчаҳои марғзору буттаҳои резишгоҳи чанде аз рӯдҳо як манзараи нотакрор ва хотирмонро пеши назар ҷилвагар мегардонад. Дар баробари манзараҳои зебо дар мавзеи Яшилкӯл чашмаҳои шифобахши маъданӣ мавҷуданд. Яке аз онҳо Сасиқбулоқ ном дошта, дар соҳили ҷанубии Яшилкӯл дар водии рӯди Казамбессой, 1 км баландтар аз резишгоҳи ин рӯд дар баландии 3800 метр, яъне аз сатҳи кӯл 66 метр баландтар ҷойгир шудааст. Ҳарорати оби ин чашма масрафи он 1,5-2 л/сония (қариб 150 ҳазор литр дар як шабонарӯз) мебошад. Маъданнокии умумии оби чашма 0,2 г/л, таркиби об аз гидрокарбонати сулфат ва гидрокарбонати натрий иборат буда, то 16 мг/л фтор, 17 мг/л кислотаи силикат, 0,3% сулфури гидроген дорад ва бӯйи он ба димоғ мерасад. Дар болои ин чашма ҳаммоми табобатӣ сохта шудааст,ки оби онро бо мақсади табобатӣ истифода мебаранд.

Шароит, захираҳои табиӣ ва сайёҳию табобатии Яшилкӯл, ки табиати зебову нотакрор дорад, онро ба яке аз мавзеъҳои муҳимми сайёҳӣ ва хоҷагӣ табдил медиҳад.

 

Назарбекова Н.А., муаллими калони кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top