ҶАШНИ ОФТОБУ МЕҲР

Бинанда: 283 | Санаи нашр: 05 Феврал 2024

Сада яке аз ҷашнҳои мардуми ориётабор буда, мужда аз иди Наврӯз аст. Ин ҷашн рукну оинҳои аз нав эҳёгардидаи халқи тоҷик буда, он иттиҳоди сарҷамъии миллат мебошад. Муроду мақсади мардум аз баргузории ин ҷашн омодагӣ ба кишоварзиву чорводорӣ мебошад.

Ин ҷашнро барои он сада меноманд, ки аслан он аз шумораи сад гирифта шудааст, яъне аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад, ки дар умум 100 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Сада дар забони авастоӣ ба маънои “Баромадан ва тулӯъ кардан” - ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостонӣ ба гунаи “sadok” ва дар форсии миёна ба гунаи “sadag” будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем, метавонем онро ҳамоҳанг ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳилумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва “зиндаи эронӣ”донистанд.

Сада ҷашни офтобу меҳр, покию рӯшноӣ ва олами рӯзҳои инсонист, ки аз гузаштаи пурғановати ниёгони мо сарчашма гирифтааст. Маҳз ҷашни сада барои тавваҷуҳ доштан бо хуршед, рӯшнои асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамон ба ин муқаддасот эътиқод пайдо карда онҳоро ситоиш намоянд, агар хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш зиндагии инсонҳоро гармӣ ворид карда бошад, пас рӯшноӣ меҳр барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузоштааст.

Сада аз наздик шудани фасли баҳор, оғози корҳои мардуми деҳоту кишоварзон мужда медиҳад ва марҳилаи омодагӣ ба Наврӯзи ҳуҷастапай, ба иқдомҳои созандагӣ, шинондани дарахту ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишотию сояафкан, тайёр намудани кишоварзӣ ва машварату маслиҳатҳо оид ба интихоби тухмиҳои хушсифати кишоварзӣ мебошад.

 

Хуршеди Сада бар сари мо нурафшон шуд,

Аз шуълаи он гарм дили пиру ҷавон шуд.

 

Яке аз аркони Сада афрохтани гулханҳои хурду бузург маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ ва хурсандӣ менамоянд. Офтоб дар рӯзгори инсон гармии умедбахш ба фардои дурахшон ва рушноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад.

 

Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,

Ки онро рағми зулмат офариданд.

Зи нураш гашта равшан хонаи дал,

Шарарҳои муҳаббат офариданд.

Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои басо қавии гузаштагони ориёнажод буда, дар аҳди қадим хеле пуршукӯҳ ва бо шодиву сурур ҷашн гирифта мешудааст. Ин ҷашни аҷдодӣ имкон медиҳад, ки ҳувияти миллӣ қавитар гардида, насли имрӯз аз анъанаҳои неки ниёгон бархурдор гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада марҳилаи тозаеро касб намуд. Дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо солҳо боз аз назари халқ дур монданд. Ҳатто таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотири таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос.

Имрӯз барои мо хурсандиовар он аст, ки маҳз бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн аз нав эҳё гардид ва халқи тоҷик ин рӯзро бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамояд.

 

Фарангис Файзуллозода, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 24010205 – ҳуқуқи гумруки ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top