ПИРЯХҲОИ РАШТОНЗАМИНУ БАДАХШОН ЗАХИРАИ ТИЛЛОӢ ВА МАНБАИ ТАВЛИДКУНАНДАИ ОБ МЕБОШАНД

Бинанда: 311 | Санаи нашр: 31 Январ 2024

Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худ ҳаёт аст, об-ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад.

                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

         Яке аз манбаҳои тавлидкунандаи об дар Тоҷикистон пиряхҳо ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳои Тоҷикистон 8,4 ҳазор  масоҳат дошта, 6%-и ҳудуди ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва зиёда аз 8000 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз ин шумора 23 пирях беш аз 15 км дарозӣ дорад. Тоҷикистон аз ҷиҳати бузургии фарогирии масоҳати пиряхҳо дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал, вале дар байни мамлакатҳои Осиё пас аз Ҳиндустон, Хитой ва Непал ҷои чорумро ишғол мекунад.

         Музофоти табиию географии Раштонзамин аз ҷиҳати шумора, масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои худ дар байни дигар музофоти яхини ҷумҳуриамон пас аз Помир дар ҷои дуюм меистад. Дарёи пуроби Вахшро, ки дар он НБО-ҳои сершумор сохта шудаанд ва сохта шуда истодаанд, маҳз ҳамин пиряхҳо бо об таъмин мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои обшинос А.О. Кеммерих (с.1978) дар ҳавзаи дарёи Вахш 3850,4  масоҳатро пиряхҳо фаро гирифтаанд ва шумораи умумии онҳо ба 2731 мерасад. Аз ин ҳисоб дар ҳавзаи дарёи Қизилсу 298 пирях масоҳати 648,9 , дар ҳавзаи дарёи Муғсу 995 пирях масоҳати 2088 , дар ҳавзаи дарёи Сурхоб 682 пирях масоҳати 401,1  ва дар ҳавзаи дарёи Хингоб 756 пирях масоҳати 712,4 - ро фаро гирифтааст.

         Ҳаҷми пиряхҳои алоҳидаи ҳавзаи дарёҳои Сурхобу Хингоб ба 590-940  мерасанд. Баъзе пиряхҳои ҳавзаи дарёи Сурхоб дар баландиҳои 2300-2400 м. вомехӯранд, яъне нисбат аз пиряхҳои Помир паст ҷойгир шудаанд. Дар ҳавзаи дарёи Сурхоб байни резишгоҳи дарёи Хингоб ва Муғсу 882 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо ба 401,1  баробар буда, ҳаҷмашон 4,49 -ро ташкил медиҳад.

         Байни солҳои 1975-1986 мутобиқи таҳқиқотҳои коршиносон пиряхҳои дар боло овардашуда аз ҳаҷми умумиашон (19 млн ), 2,8 млн , яъне 14,8 %-и захираашро талаф додааст, ки ин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна соле ба 1,4% мерасад. Байни солҳои1976-1990 ба андозаи 130 м. қафо рафта кутоҳ шудааст, пас соле ба ҳисоби миёна 8,6 м. таназзул ёфтааст. Дар ҳудуди ҳавзаи дарёи Муғсу пиряхҳои калонтарини Тоҷикистон аз қабили Федченко, Сағрон, Фортамбек, Савуқдараи Калон, Танимаси Хурд, Бивачий ва ғайра ҷойгир шудааст.

         Пиряхи калонтарини кӯҳии ҷаҳон ва Тоҷикистон Федченко ба чанде аз шохобҳои дарёи Муғсу ва Панҷ ғизо мебахшад. Ин пирях дар гиреҳи қаторкӯҳҳои Академияи Илмҳо, Пётри Як, Дарвоз, Язғулом, Арал, Девори Бузург, Қиз-Қурғон дар баландии 2909-6200 м. ҷойгир шудааст. Федченко пиряхи бузурги водӣ буда, аз 45 шоха иборат аст, дарозии он 77 км, паҳнии миёнааш 1800 м., паҳнии бештараш 5000 м., майдони сатҳаш 649,6  ҳаҷми массаи ях 96,6 , ғафсиаш аз 700 то ба 1000 м. мерасад. Масоҳати умумии пирях бо шохаҳояш ба 824,1  баробар аст. Тўли 100 соли охир забонаи пирях кӯтоҳ шуда, сатҳаш 50 м. паст фаромадааст. Соли 1878 ин пиряхро сайёҳи машҳури рус  В.Ф. Ошанин кашф намуда, онро ба шарафи дӯсташ муҳаққиқи машҳури Осиёи Марказӣ А.П. Федченко номгузорӣ намудааст. Аз нишебии шимолии пиряхи Федченко рӯди Селдара сарчашма мегирад, ки он ба рӯдҳои Баландкиик, Каиндӣ ва Савуқсой ҳамроҳ шуда, ба ташаккули дарёи Муғсу саҳм мегузорад.

         Аз тафсилоти боло бармеояд, ки пиряхҳои номбаршудаи ҳавзаи дарёи Сурхобу Қизилсу айни замон дар ҳолати таназзулёбӣ қарор доранд. Сабаби ин вазъият агар аз як тараф ба гарм шудани умумии иқлим вобаста шуда бошад, аз тарафи дигар аз рахи барфӣ поён ҷойгир шудани забонаҳои пиряхҳо мебошанд. Агар раванди таназзулёбии пиряхҳо минбаъд ҳам ҳамин тавр идома ёбад, он гоҳ солҳои наздик ин пиряхҳо тамоман нобуд шуда, аз байн мераванд.

         Гарм шудани иқлими кураи замин боиси босуръат об шудани натанҳо пиряхҳои Тоҷикистон, балки Арктикаю, Антрактида, Гренландия ва пиряхҳои силсилаи қаторкӯҳҳои тамоми ҷаҳон гаштааст. Айни замон инсоният қудрати пешгирии ин раванди номатлубро надорад. Солҳои охир аз ҷониби коршиносон ва муттасадиёни ин соҳа барои пешгирии обшавии пиряххо чандин таклифу пешниҳодҳо ба миён омада бошанд ҳам, лекин аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ ва илмӣ бунёди қавӣ надоранд. Масалан, бо роҳи сунъӣ маҳдуд кардани гармиқабулкунии пиряхҳо, дар кӯҳҳо офаридани обанборҳои хурду сунъӣ яхкунонидани онҳо, дар болои пиряхҳо бо роҳи сунъӣ ба амал овардани дуду туман ба флора ва фаунаи атроф таъсири манфӣ мерасонад.

         Оид ба пешгирии ин ҳодисаи табиӣ ва сариштакоронаю оқилона истифода бурдани об, коршиносон ва олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чунин пешниҳод кардаанд.

         Яке аз роҳҳои истифодаи сариштакорона ва оқилонаи об ин “ғуннамоии оби аввалҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ”-и рӯду дарёҳо мебошад. Бо ин мақсад дар маҷрои дарёҳо ва ё дар ҷойҳои дигари мувофиқи кӯҳӣ сохтани обанборҳои сатҳашон хурд ва умқашон зиёд мебошад. Дар чунин ҷойҳо полоиш (филтратсия) ва бухоршавии об камтар рух медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки чунин обанборҳо аз ҷиҳати техникӣ мустаҳкаму бехавф бошанд, обанборҳо танҳо бо мақсади бо об таъмин кардани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ созмон дода шаванд.

         Воситаи дигари бо об таъмин намудани соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва хоҷагиҳои коммуналӣ ин сохтан ва ба истифода додани обкашҳои барқӣ мебошад, зеро дар бисёр водиҳо дарёҳо дар маҷрои чуқур ҷорӣ мешаванд, заминҳои киштбоб бошанд дар баландӣ воқеъ гаштаанд.

Бо об таъмин намудани соҳаҳои обталаб, истифода аз обҳои зеризаминӣ ва дар ҷойҳои мувофиқ сохтани обанборҳои зеризаминиро тақозо менамояд, зеро дар чунин ҷойҳо буғшавии об, яъне талафи об камтар рух медиҳад.

         Ва ниҳоят воситаи муҳими истифодаи оқилонаи об ин гузаштан ба истифодаи усулҳои каммасрафи об, нақли об ба воситаи лӯлаҳо ва обёрии қатрагӣ мебошад, то ин ки об камтар бухор ва талаф ёбад. Аз пажӯҳиши муҳаққиқони соҳа бармеод, ки коэффитсиенти фоиданокии системаҳои обёрӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоби миёна 50%-ро ташкил медиҳад. Агар дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи обёрии мамлакатҳои Шарқи Миёнаю Наздик, аз ҷумла, Исроилро истифода намоем, он гоҳ захираи об афзун мегардад ва имкон фароҳам меояд, ки аз ҳисоби ин сарфакунӣ заминҳои навро ба истеҳсолоти кишоварзӣ ҷалб намоем. Дар ин ҳолат зарурати ба таври сунъӣ тезонидани обшавии пиряхҳо, ки бе инҳам дар афзоиш мебошанд, аз байн меравад.

         Яхшиноси маъруфи ҷаҳонӣ, академик В.М. Котляков (соли 2001) баъди як қатор таҳқиқоти охирини худ дар сарзамини Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, ки дар минтақаи кӯҳии Помиру Олой якчанд мамнўъгоҳи пиряхҳои бузурги кӯҳсор таъсис дода шаванд. Ин пешниҳод бешак, қобили дастгирӣ ва лоиқи таваҷҷуҳ мебошад.

         Мувофиқи баъзе пешгӯиҳои коршиносони соҳа то соли 2050 миқдори боришот ба андозаи 14-15% афзоиш меёбад, вале ин тағйирот боиси афзуншавии оби дарёҳо шуда наметавонад, зеро боридани борон 40-50% ба буғшавӣ, полоиш сарф мешавад, ҳиссаи боқимонда (барф) ҷои барфҳои обшударо мепӯшонаду бас. Ин маълумотҳо барои соҳаҳои обистифодабарандаю обистеъмолкунанда басо муҳим аст, то ки рушди устувори соҳаро саҳеҳ ба низом дароранд ва ба хараҷу мараҷи зиёд оварда нарасонанд.

Бо назардошти промлемаҳои обии сайёра бо пешниҳоди Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об пешниҳод гардида буд.

         Зимни суханронӣ дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 ибрози ақида намуда, саҳми арзандаи ин Даҳсоларо барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи васеи ҷаҳонӣ ба ҳалли масалаҳои об, тавсеаи ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани зарфияти ташкилотҳои соҳаи об, муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва ноил гардидан ба ҳадафи ҳафтуми ҳадафҳои Рушди ҳазорсола, ки то соли 2015 ду баробар кам кардани шумораи аҳолии ба оби нӯшокии безарар ниёздоштаро талаб мекард, таъкид намуданд.

         Пешвои миллат изҳор доштанд, ки бо вуҷуди дастовардҳои хеле зиёд дар ҳалли масъалаҳои об тазоду таҳдидҳои муосир, аз қабили афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, касалиҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин нагузоштанд, то ҳама ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” пурра иҷро гарданд.

         Дар робита ба ин, Президенти муҳтарами кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, нерӯи тоза бахшидан ба равандҳои ҷаҳонии соҳаи об, муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об, эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори “Об барои рушди устувор”-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форуми бонуфуз ҳамаҷониба пазируфта шуда, ба Маҷмааи умумии СММ манзур карда шуд. Ва бо заҳмату талош ва машваратҳои пайваста бо намояндагони кишварҳои узви СММ қатъномаи мазкур қабул карда шуд, ки ин аз сиёсати муваффақи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

         Бо дар назардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани қатъномаи мазкур, як платформаи муҳимро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи амалии вазифаҳои марбут ба оби ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард. Илова ба ин, қатъномаи мазкур захираҳои молиявӣ, кӯмакҳои техникии гуногунро муттаҳид гардонида, истифодаи самараноки захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби рушди устувор тавсия менамояд ва барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ ва сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меоварад.

         Барои Тоҷикистон соҳаи захираҳои об яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии он нақши муҳим мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои об бойтарин кишвар аст. Бо вуҷуди ин, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун самти афзалтарини соҳаи оби кишвар боқӣ мемонад ва сарфи назар аз дастовардҳои назарраси даҳсолаи охир, дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари таъминот бо об корҳо идома доранд. Ҳукумати кишвар барои ҳал намудани мушкилоти мазкур кӯшиш ба харҷ дода, дар ин раванд чандин стратегия, барнома ва нақшаҳои рушд қабул ва лоиҳаҳои зиёд мавриди амал қарор гирифтаанд.

         Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” бояд василаи муҳимми мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об гардад. Итминон дорем, ки Даҳсолаи нав дастовардҳои Даҳсолаи қаблии “Об барои ҳаёт”-ро таҳким бахшида, ҷиҳати муттамарказ гардидани саъю талоши мо оид ба ҳаллу фасли минбаъдаи масъалаҳои об дар давраҳои баъдӣ заминаи хубе фароҳам месозад.

14 декабри соли 2022 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми давлати моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Дуввум ин, ки аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Чорум, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Бовар дорем, ки дар чаҳорчӯби ин Конфронс стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва тасдиқ хоҳанд шуд.Тавре ки ба ҳама маълум аст, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.

Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Итминони комил дорем, ки Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзӯъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд.

Ҳикматов С.И.,н.и.и., дотсенти ДДТТ

Ҳасанов Ё.С., унвонҷӯйи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top