САЙРИ ТАЪРИХИИ ҶАШНИ САДА

Бинанда: 329 | Санаи нашр: 29 Январ 2024

Ҳанӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд»

Пас аз расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин давлати номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии мардумони ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10 - уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи  солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он - оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасанд.

Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноиро асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, оташ намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.

Ҷашнгирии Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо аст. Ин ҷашн тибқи устураҳо, дар замони шоҳони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6 - 7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст. Мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ аст. Метавон ба таври мантиқӣ тахмин зад, ки устураи мазкур аз замони Пешдодиён то рӯзгори Фирдавсӣ ҳамчун эътиқоди мардум ба Хуршед ва рамзи он ба оташ дар байни омма баён мешудааст. Пасон Фирдавсӣ онро ба назм даровардааст. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ дорад, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, яъне қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-уми моҳи март) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябр) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 22-23 октябр) сар мешуд ва то поёни моҳи исфанд (баробари 21-22 март)-ро дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.

Абурайҳон Берунӣ дар «Ат-тафҳим» доир ба ин ҷашни Сада чунин ишора намудааст: «...обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба љавз (чормаѓз)-у бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаъбу (бозӣ) шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…».

Аз нигоҳи бархе аз пажӯҳандагон, ҳамин ки аз зимистони бузург (22 октябр то 30 январ) сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки дар боварҳои гузаштагон неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.

Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист. Дар ҳақиқат илман агар ҳисоб намоем чунин аст, зеро Хуршед аз Ҷануб ба Шимол баргардиш менамояд.

Устурашиноси эронӣ Меҳрдоди Баҳор, ки худ авестошинос низ аст, ба таври мантиқӣ вожаи садаро ба таври зерин маънидод намудааст: «Вожаи авестоии саза (saδā) ки исми муаннас аст, ба маънои зуҳур, ошкороӣ ва пайдоӣ аст. Ин вожа аз решаи санд (sand) ба маънои ба назар расидан муштақ гаштааст. Ба яқин дар канори вожаи муаннаси сазо (saδā) вожаи музаккари саза (saδa) ҳам метавонистааст вуҷуд дошта бошад. Дар забонҳои эронии миёнаи ғарбӣ алоқаи бисёре вуҷуд дорад, ки исм ва сифатро бо афзудани пасванди ак (ak), ки худ бозмондаи ака (aka) дар Эрони бостон аст, ба кор баранд. Бад-ин рӯй вожаи саза (saδa) дар Эрони бостон метавонист ба сурати сазак (saδak) ё садак (sadak) дар форсии миёна вуҷуд ёбад, ки талаффузи ҷадидтари он дар форсии миёна сазаг (saδaг) ё садаг (sadag) буда ва ҳамин ду талаффуз дар форсӣ ба сурати «саза» ё «сада» дида мешавад. Вуҷуди вожаи муарраби «сазақ» дар арабӣ ва таркибҳои «барсазақ» ва «навсазақ», ки номи панҷумин рӯзи баҳман аст ва дар он рӯз ба истиқболи ҷашни Сада мераванд, ҳадси моро дар бораи вожаи сазаг (saδag) ё садаг (sadag) таъйид мекунад ва мерасонад, ки чунин вожаҳое дар забонҳои эронии миёнаи ғарбӣ вуҷуд доштааст. Бинобар ин, муҳтамилан вожаи сада, на бо вожаи сад, балки бо решаи санд (sand) маънои «зоҳир шудан» марбут аст ва маънои он «зуҳур, ошкороӣ, пайдоӣ» аст»

Ба назари муҳаққиқон А. Кристенсен, М.Баҳор ва дигарон Сада наздик шудан ба Наврӯз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифода менамояд. Тибқи гуфтаи онҳо Сада ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот буданро дар худ таҷҷалӣ менамояд ва он хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) - ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.

Аз рӯйи гуфтаҳи бархе муҳаққиқон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин намуд, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш рӯйдода ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманкӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд.

Ба чанде аз устураҳои машҳури дар маъхазҳо омада муроҷиат менамоем, ки дар он аз ҷашни Сада ёдовар шудаанд:

 - Ҳушанг оташро кашф менамояд. Ҳушанг санге ба сӯи мор мепартояд. Санг бар санг бархӯрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд.

 - Мегӯянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, сад фарзанд дошт, панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳи дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд.

 - Ҷамъи Машӣ, Машёна ва фарзандони онон, ки ба сад мерасад ва онро ҷашн мегиранд ва онро Сада ном мениҳанд.

 - Шаби пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок. Аз ҷумла, Берунӣ ин матлабро дар «Ат-тафҳим» ва бахусус дар «Осору-л-боқия» муфассалтар баён менамояд. Дар «Наврӯзномаи Хайём» низ ёдоварӣ шудааст. Яъне наҷоти сад тан морони Заҳҳок аст.

 - Вазири Заҳҳок, ҳар рӯз бояд ду танро кушта, мағзашонро ба морони дӯшҳои Заҳҳок медод, вале ӯ якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоде ин озодшудагон ба сад расид. Вазир Фаридунро аз ин воқеа хабардор намуд. Он сад тан дар шаб, дар ҳузури бозрасони Фаридун, ҳар як оташе ҷудогона дар кӯҳистон афрӯхтанд. Ба эътибори сад тан будани онон, ҷашни Сада барпо шуд.

 - Садаро ёдбуди пирӯзии Таҳмосб бар Афросиёб низ медонанд.

 - Чун бо гузашти сад рӯз аз зимистони бузург, сармо ба поёни авҷи худ мерасад ва пасон суст мешавад, ба шодии ин сустӣ, ниёкони мо ҷашни Садаро барпо медоштанд.

 - Мегӯянд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб дар пеш аст, ки маҷмӯан теъдоди шабу рӯз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд.

 - Аз рӯзи Сада то рӯзи гирдоварии ғалла дар навоҳеи ҷанубии Ориёнзамин як сад рӯз фосила аст, ки ба ин сабаб ин ҷашнро Сада номидаанд.

Чунин устураҳо ва ривоятҳо дар бораи ин ё он воқеа ва ҳодисаи замони бостон, то рӯзгори мо дар шаклҳои мухталиф расидаанд.

Ҷашни Сада дар тӯли таърих ташаккул ёфта, байни халқ маҳбубият касб карда будааст. Дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, пасон дар замони Ғазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамудааст, ки доир ба он Абулфазли Байҳақӣ ёдовар шудааст. Масалан шоири ин давра Унсурӣ мегӯяд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Эҳтиром ба оташ ва боварҳое ба ҷашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклҳои гуногун муаррифӣ мешуданд, ки қисме аз он дар рӯзгори мардуми мо дар шакли нақлҳои устураӣ, боварҳо ба оташ, алавгардонӣ, мақолу зарбулмасал, таъбир ва оини халқӣ пойбарҷост. Масалан, чанде пеш агар оташи оташдони хонаводае хомӯш шавад, ин фоли бад буд. То имрӯз дар миёни мардуми тоҷик нишонаҳое аз муқаддас будани оташ дар шакли таъбир ва мақол боқӣ мондааст.

Дар деҳоту манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дарахтонро ҷамъ оварда оташ афрӯхта, шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд.

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 - юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада таҷлил мегардад.

Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукӯҳи бостонии он сол то сол барқарор мегардад. Дар оянда баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта хоҳад шуд. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо хоҳад гашт.  

Дар ҳақиқат ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд.

Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар рўҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд.

 

ҲАБИБУЛЛО МАҚСАДОВ,

номзади илмҳои таърих,

дотсенти кафедраи математикаи олӣ

ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top