САДА ДАЛЕЛИ БАҲОР АСТУ РУЗГОРИ НИШОТ

Бинанда: 237 | Санаи нашр: 27 Январ 2024

САДА ДАЛЕЛИ БАҲОР АСТУ РУЗГОРИ НИШОТ

Оташи ҷашни сада оташи меҳри Ватан аст,

К-андар ин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

Дар чунин ҷашни тараб оре хуршед дигар,

Гар битобад зи дили хок сазовор бувад.

Хуррам аст ин садаву шодравон бод ки гуфт,

Шаби ҷашни садаро ҳурмати бисёр бувад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишаври азизамон Тоҷикистони биҳиштосо, бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чаҳор ҷашни таърихӣ шурӯъ аз Наврӯзи оламафрӯз ва баъдан Тиргон, ки ҷашни обрезон дар фасли тобистон, Меҳргон, ки ҷашни ҷамъоварии ҳосил ва Сада, ки ҷашни рӯшаниву нур аст аз нав зинда карда шудаанд.

Сада ҷашеаст, ки инсониятро ба сӯйи рӯшноӣ, сафо ва холи аз гуноҳ будан даъват намуда, моҳияти ин ҷашни куҳан дар пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ мебошад.

Ҷашни суннатии сада чун дигар ҷашнҳои халқии мардумони ориётабор аз ҷумла тоҷикон яке аз ҷашнҳои қадимтарин ба шумор рафта, дар тамаддуни инсоният бархурди хеле хоссаро доро мебошад.

Ҷашнҳои амсоли садаву наврӯз, тиргону меҳргон аз рӯзгори ибратомӯзи пешиниёни мо маъша гирифта, хусусияти эҳтиромгузории арзишҳои умумиинсонӣ ва табиӣ доранд.

Дар миёни ҳама он ҷашнвораҳое, ки мо дорем аз ҳама пурҳикматтарин ҷашни сада ба ҳисоб меравад. Зеро, ки он фарогири ҳама муждаҳои нек ва ниятҳои созандаи фардо мебошад. Масалан худи оташ ки мо онро ҳамчун гармӣ ва рушноӣ меҳисобем оид ба паҳлуҳои дигари он баъдтар Гераклити юнонӣ ошноӣ пайдо намуд ва гуфт, ки “Бунёди ҳамаи олам аз оташу гармӣ аст ва агар гармӣ нест ҳеҷ чизи дигаре нест”.

Ба бахти миллати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо ва бо талошу ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҷашҳнои миллӣ балки ҷашну маросимҳои гуногуни мардумӣ низ аз нав эҳё гардид ва барои таҷлили пуршукӯҳи онҳо шароит фароҳам омад. Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба арзишҳои миллию таърихӣ ва фазои орому осудаи кишвар ҷодаҳоро боз кард то мо тавонем бостонитарин арзишҳои фарҳангии хешро мавриди барассии пажуҳандагону донишмандон гардонем ва онҳоро ба тамоми оинҳояшон дубора эҳё намоем.

Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат ба маврид қайд карда буданд, ки “Шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.”

Ҷашни бостонии сада яке аз кӯҳантарин оинҳои халқи куҳандиёр ба ҳисоб меравад.

Тибқи солшумории хуршедӣ ин ҷашни бостонӣ ҳамасола даҳуми моҳи баҳман мутобиқ ба сиюми январи солшумории мелодӣ таҷлил мегардад. Дар ин ҳангом сардии замистон ба авҷи хеш мерасад, мардум ба хотири офият аз сармо чораҳои зиёд меандешид. Тибқи навиштаҳои мутафаккир Абурайҳони Берунӣ мардум аз гулу гиёҳи хушк хушбӯӣ бухор мекарданд то аз сармои зиёд зиён набинанд.

Ҳанӯз дар аҳди қадим мардум бо баргузории ҷашни сада на танҳо бо шодию сурур аз ранҷу ғуссаи рӯзгор фориғ мешудаанд, балки тавассути афрӯхтани оташ бо рамз, намуди замистонро, ки сардист месузониданд. Гузаштагони мо нур ва рӯшноиро мояи ҳаёт ва хуршеди тобонро афсори рӯзгору зиндагӣ мехонданд. Ин андеша маънои онро дошт, ки нуру гармӣ сабаби аслии идомаи рӯзгор ва ҳастии мавҷудот аст, зеро оташу нур, хуршеду рӯшноӣ ҳамеша мазҳари зиндагонӣ ва таҷалигоҳи равонист.

Дар сарчашмаҳои таърихию бадеӣ оид ба истилоҳи сада андешаҳо гуногунанд, аз ҷумла муҳимтарин тафсири мардумии вожаи сада чуноне, ки дар боло қайд намудем аз шумораи сад гирифта шуда панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи омадани наврӯзро ифода мекунад. Яъне сада пешоҳанг ё худ муждарасони ҷашни наврӯзи оламафрӯз аст.

Ҷашни сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Ба андешаи Меҳрдоди Баҳор баъзе аз сарчашмаҳои бостонӣ садаро ба асосгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон ва баъзе аз пажуҳишарони дигар ба Каюмарз нисбат медиҳанд. Тибқи ривояти мазкур чун теъдоди фарзандони Қаюмарз ба сад мерасад ҷашн барпо мегардад, оташ меафрӯзанд ва онро сада мехонанд, аммо Манучеҳри Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш ёдгор мондани ҷашми садаро аз Исфандиёру Каюмарз ишора мекунад.

Ҷашни Сада омиро расми киром бошад,

Ин ойини Каюмарзу Исфандиёр бошад.

Ҳамзамон дар баъзе аз қиссаҳои устуравӣ ҷашни сада ба салтанати шоҳ Фаридун нисбат дода мешавад, ки бо пирӯзии шоҳ Фаридун бар Заҳоки морон ва наҷот ёфтани сад тан аз ҷавонмардони бегуноҳ он сада ном мегирад.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Нуқтаи хело муҳим аст, ки ҷашни сада на танҳо ҷамбаи ривоятиву достонӣ, балки ҷамбаи нуҷумиву гоҳшуморӣ низ дорад, ки асоси онро кишоарзӣ ташкил медиҳад.

Ҷашни сада ягона иди миллию суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.

Ин аст, ки мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандану тоза кардани каналу заҳкашҳо, ҷӯйборҳо, яхобмондани боғу токзор, кишти замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухмии кишт , нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли замистон солим баровардани онҳо чораҳои махсусе меандешиданд.

Ҷашни сада на танҳо барои таҷлил намудан, балки барои таъмини амнияти ҳамаҷонибаи озуқавории кишвар басо муҳим ва таъсиргузор мебошад. Ҳар сол аз сада то сада маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд ва тухмиҳои беҳтарине, ки олимони соҳаи кишоварзӣ коркард кардаанд ба фурӯш гузошта мешавад ва деҳқонон метавонанд, ки аз ин тухмиҳои баландсифат дастрасӣ пайдо намоянд.

Мақсад аз таҷлили фашни сада ин на танҳо гиромидошти ҷашни суннатҳои бостонӣ, балки рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар замони соҳибистиқлолӣ мо ҷашни Садаро ба ҳайси маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамоем ва дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишманди он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем.

Бинобар ин, ба кишоварзони мо дар ин айём зарур аст, ки тухмии хушсифати зироатҳо ва ниҳолҳоро омода намуда, корҳои яхобмонӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва дарахтон, яъне тайёрии ҳаматарафа ба киштукори баҳориро ба анҷом расонанд ва барои ҳосили фаровон замина гузоранд.”

Баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ роҳ барои эҳёи расму оинҳои милливу мардумӣ ҳамвор гардид. Имрӯз барои таҷлили ҷашнҳои бостонӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ саде вуҷуд надорад. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Певои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ҷаҳонӣ шуд, ҷашнҳои меҳргону сада дар сатҳи ҷумҳурӣ эҳё гардиданд ва пажуҳишу эҳёи арзиши дигари таърихи миллати тоҷик тиргон низ идома дорад.

Ногуфта намонад, ки чанд сол қабл маҳз бо кушишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе як ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ бо номи “Пажуҳиши тамаддуни бостон аз дирӯз то имрӯз” баргузор гардид, ки дар он бевосита сарвари давлат иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин ҳамоиш Ҳамид Абрамиён раиси Донишгоҳи байналмилалӣӣ Куруши Кабир дар Австралия иштирок доштанд ва як сухани бисёр ҷолиб зикр намуданд.”Имрӯз воқеан да Тоҷикистони соҳибистиқлоли шумо тамоми оинҳои куҳан аз қабили “Наврӯз”, “Меҳргон” ,”Тиргон” ва “Сада” шаҳомати хосса дорад, ки дар ҳеҷ як кишвари дунё ин шаҳоматро надоранд.”

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои муаззами миллат расму суннатҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, он ҳифз карда мешавад.

Аҳмадова Фархунда

Муфаззаловна,

ёрдамчии ректори ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top