АНДЕШАҲОИ ИЛМӢ-ОММАВӢ ДАР ҲОШИЯИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Бинанда: 592 | Санаи нашр: 26 Январ 2024

Соли 2023 ба шарофати Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан барои кулли ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ пайки шодӣ ироа гардид, ки дар таърихи паёмдории миллӣ камсобиқа мебошад.

Таҷрибаи давлатдории кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки сардори давлат бо ташаббусҳои худ як ишора менамояд ва роҳро мекушояд ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан олимону донишмандон минбаъд идомаи ташаббусро ба даст гирифта, дар роҳи татбиқи амалӣ ва шарҳу тавзеҳи илмии он талошҳои беандоза менамоянд.

Дар ҳақиқат аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” кулли олимону донишмандони ҳавзаи илмҳои ҳуқуқшиносии ҷумҳуриро водор менамояд, ки доир ба ин ибораи ба илми ҳуқуқшиносӣ воридгардида, ки акнун бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурӣ ба гардиши илмӣ ворид гардид, шарҳу тавзеҳи илман асоснок намоянд, то қишри оммаи аҳолӣ, ки ин ибора барояшон куллан бегона аст ва субъекти асосӣ ва мухотаби соли мазкур оммаи васеи аҳолӣ мебошад, аз моҳияти он хабардор шаванд ва дар боло бурдани савияи донишҳои оммавӣ-ҳуқуқии ҳаррӯзаи худ талош намоянд, то ки соли мазкур барои аҳолӣ бе натиҷа наанҷомад.

Ҳамин тариқ, омӯзиши адабиёти занобшиносӣ моро водор кард, ки вобаста ба қисмати аввали ибораи маърифати ҳуқуқӣ, яъне калимаи “маърифат” истода гузарем то минбаъд худи ибораи маърифати ҳуқуқӣ барои мо равшан шавад. Худи калимаи “маърифат” дар бузургтарин фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба маънои (معرفت ) “дониш” омадааст . Калимаи ҳуқуқ бошад ғайр аз он, ки мо ба ҳуқуқ таърифи илмӣ додаем, аслан ин калима аз забони арабӣ حقوق гирифта шуда, ифодакунандаи ҷамъи” ҳақ” ва ё “ҳуқуқ”-ҳо мебошад. Аз ин бармеояд, ки дар навбати аввал тибқи мазмуни тафсири забонии ин ду калима, ки дар якҷоягӣ ибораи мубораки “Маърифати ҳуқуқӣ” ва ё донишҳои аввалияи ҳуқуқии оммаи васеи аҳолиро, ифода менамояд, аз забони Пешвои миллат садо дод.

Қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва адабиёти илмии назариявӣ ин ибора тамоман вуҷуд надошт ва истифода ҳам намегашт. Аммо баъд аз қабули Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст, ин бора ҳамагӣ 11 маротиб истифода гардидааст ва ҳатто қисми 5-уми Консепсияи болозикр сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва ёрии ҳуқуқӣ номгузорӣ гардидааст, истифода мешавад. Инҷо бояд зикр кард, ки эълони ин соли нотакрор татбиқи амалии қисмате аз ин консепсия ҳам мебошад.

Зарурати қабули консепсияи зикршуда низ, ... иборат аст аз баланд бардоштани шуурнокӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон...болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ...тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва монанди инҳо. Чунин мисол оварданро дар ин қисмат мо аз он боис зарур донистем, ки ҳангоми баҳсу мунозираҳои илмӣ ва суҳбатҳои сарироҳӣ аксаран, ки ҳоло ба шарҳу эзоҳи ин ташаббуси роҳбари давлат пардохтаанд, бар он ақиадаанд, ки “Маърифати ҳуқуқӣ” ин ҳамон “Фарҳанги ҳуқуқӣ”, “Тарбияи ҳуқуқӣ” ва “Шуури ҳуқуқӣ” мебошад. Аммо, мо зимни омӯзиши масъалаи мавриди матраҳ ба чунин мавқеъ розӣ буда наметавонем. Агар ибораи “Маърифати ҳуқуқӣ” ҳамон ибораҳои номбурда бошад ва ё мебуданд, пас муаллифон дар таҳияи лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, саросемагӣ карданд.

Ҳамчунин яке аз заруратҳои қабули Консепсия аз талабот ва омилҳои зерин, яъне такмил ва татбиқи якхелаи забон ва ислоҳоти ҳуқуқӣ мебошад... Ҳамчунин дар консепсия зикршуда таъкид мегардад, ки “аз ин рў, зарурате ба миён меояд, ки дар оянда фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон таҳия гардад”. Ҳоло аз қабули Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ҳудудан 6 сол сипарӣ гардид, аммо аз ҷониби ниҳодҳои илмӣ, субъектони татбиқкунандаи салоҳиятдори консепсияи мазкур то ҳол ҷиҳати таҳияи фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон ягон иқдом гирифта нашудааст ва ё ҳаст мо огаҳ нестем ва дар нақша барои то соли 2028 иҷро мегардад. Агар фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқии ба нақшагирифташуда таҳия ва нашр мегардид, шояд чунин гуногунфаҳмӣ дар шарҳи ин иқдоми наҷиб миёни олимону донишмандон пеш намеомад. Хулоса ин бахшро мегузорем ба баҳси дигар.

Дар ин қисмат зарур мешуморем, ки мухтасар ибораҳои “Шуури ҳуқуқӣ”, “Фарҳанги ҳуқуқӣ” ва “Тарбияи ҳуқуқӣ” -ро шарҳ диҳем то фарқи инҳо аз мазмуни ибораи “Маърифати ҳуқуқӣ” равшан шавад.

Тибқи андешаи назариячиёни ҷумҳурӣ шуури ҳуқуқӣ –ин маҷмӯи мафҳумҳову тасаввуроти одамон оиди ҳуқуқ ва воқеияти ҳуқуқист, ки муносибати онҳоро ба ҳуқуқ ва падидаҳои ҳуқуқӣ ифода мекунад. Фарҳанги ҳуқуқӣ - ин як намуди фарҳанги ҷомеа мебошад, ки аз сатҳи инкишофи ҳуқуқии ҷомеа дар робита бо ҳамаи унсурҳои воқеияти ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Тарбияи ҳуқуқӣ – ин фаъолияти мунтазами муташаккил, мақсаднок ва танзимгаштаи мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон аст, ки баҳри баланд намудани сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа равона карда мешавад.

Албатта, дар ин се ибораи ишорашуда, аломатҳо ва ё нишонаҳои “Маърифати ҳуқуқӣ” каме вуҷуд дорад, лекин бо ин наметавон иктифо кард ва минбаъд ба шарҳи дуруст ва муайян кардани мафҳум ва моҳияти “маърифати ҳуқуқӣ” напардохт. Олимон ва донишмандонро зарур аст, ки сари масъалаи мазкур сидқан андешаронӣ намоянд ва мавқеи олимонаи худро муайян намоянд, зеро олимон чароғи давлатанд. Ҳамзамон мо бар онем, ки мазмуни ибораҳои болозикр бештар нигаронида шудаанд ба шуури илмии олимон. Чунки барои як нафар шаҳрванди оддӣ зарур нест, ки вай тамоми назарияҳо, ғояҳо ва мафҳумҳои илмиро донад. Барои вай танҳо зарур аст донад, ки ҳангоми поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳояш ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон ба кадом ниҳоди салоҳиятдор ва ба кадом сатҳи идораи давлат ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судии кишвар муроҷиат намояд. Аксар вақт шаҳрвандон бинобар надоштан ва дар сатҳи паст қарор доштани донишҳои ҳуқуқӣ (маърифати ҳуқуқӣ) аз ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсии молу мулкӣ ва ғайримолумулкиашон бо ибрози тарсу ҳаррос даст мекашанд. Ҳамчунин ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ дар ин сол бояд шарҳу тавзеҳи оммафаҳм карда шавад то қишри оммаи аҳолӣ аз моҳияти қонунгузории кишвар хабардор шаванд.

Акнун, ки Тоҷикистон марҳилаи сохтмон ва барқарорсозии давлатдории миллиро пушти сар кард ва ба марҳилаи рушд қадам ниҳод, маҳз бо ибтикори адолатпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ин сол ҳамчун соли рушди адолатпарварии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқи ҳар як шахс, талош барои манфиатҳои поймолшуда ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии оммаи мардум “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ мо назариячиёни ангуштшумор дорем, ки ибрози андеша ва муайян кардани мавқеи онҳо дар робита ба ин соли мубораку муқаддас барои ҷомеаи ҳуқуқшиносон ва аҳолии ҷумҳурӣ, инчунин дар робита ба муайян кардан ва шарҳу тавзеи илман асосноки мафҳуми ибораи “Маърифати ҳуқуқӣ”, ки аз забони мубораки Пешвои адолатпарвар ва донишбунёди ҷумҳурӣ садо дод, чун боду ҳаво зарур аст.

Мутаассифона дар мо чунин анъана роиҷ шудааст, ки вобаста ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти давлатию ҳуқуқӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ олимон ва донишмандон, инчунин мутахасиссони касбу кори гуногун кӯшиши баён намудани мавқеи худро менамоянд, ки дар натиҷа, бинобар сабаби мутахассиси соҳа набудан ба шарҳу эзоҳи нодурусти масъала роҳ медиҳанд. Масалан, иқтисодчӣ, сиёсатшинос, табиб ва монанди ин мутахассисон. Дар урфият мегӯянд “гунҷишкро кушад, қассоб кушад”, ки ин мақоли халқӣ ба вазъи имрӯзаи муносибати мухотабони болозикр бо равандҳои рӯзгори ҷамъиятию ҳуқуқӣ созгор мебошад.

Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва эътирофи назарияҳои фитрию позитивӣ дар сатҳи Конститутсия ва бо такя ба назарияҳои либераливу демократӣ эҷод намудани қонунҳо, зарурияти мутобиқ намудани бисёр мафҳумҳои ҳуқуқӣ ба қонунгузории муосир ба миён омадааст. Яке аз онҳо мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Набояд ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат ба маҷлису суханпардозиҳо табдил ёбад. Ин сенарияи самарабахш нест, зеро маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, ба бартараф намудани бесаводии ҳуқуқӣ нигаронида шуда, ҳадаф аз он рушди саводнокии оммавии аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ василаи ба шаҳрвандон нишон додани ҳуқуқҳои онҳо ва тавсифи имкониятҳои воқеии зуҳури қобилияти худ дар ҳаёти ҷомеаву давлат дар заминаи эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон баромад мекунад.

Дар маҷмуъ ибрози ин андешаҳоро ҳамчун шаҳрванд баҳри таҳрезии муносиби чорабиниҳо ва ҳар чӣ самарабахшу муфид роҳандозӣ намудани онҳо дар ин соли аз лиҳози ҳуқуқӣ муборак айнӣ муддао шуморидам.

 

Сиёвуш Наботов, доктори ҳуқуқ,

дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ

ва зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top